Дуввумин 3D-принтер дар Тоҷикистон моли “Гӯшаи фарҳангии Амрико” шуд (АКС)
Дар Душанбе “Гӯшаи фарҳангии Амрико” дубора рӯнамоӣ шуд.
Маросими ифтитоҳи дубораи ин марказ имрӯз, 14 сентябр бо ҳузури Элизабет Милард, сафири Амрико дар Тоҷикистон сурат пазируфт. Хонум Милард гуфт, марказ бо таҷҳизоти наву замонавӣ мукаммал гардида, барои рушди забономӯзии ҳар нафаре, ки ба ин макон меояд, заминаи беҳтар фароҳам хоҳад овард. Ба қавли сафир, ба гӯшаи фарҳангӣ компютеру планшетҳои замонавӣ ва 3D-принтер овардаанд, ки то ин вақт дар Тоҷикистон ҳамагӣ якто будааст.
Лутфулло Тағоев, як масъули ин марказ мегӯяд, ҳамарӯза бештар аз 100 ҷавону наврас барои забономӯзӣ ба “Гӯшаи фарҳангии Амрико” ташриф меоранд. Ӯ гуфт, марказ бо Интернет васл буда, дорои китобхонаи замонавӣ ва утоқҳои таълимӣ мебошад, ки истифода аз онҳо ройгонанд.
Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон 7 “Гӯшаи фарҳангии Амрико” фаъолият мекунад. Нахустин чунин як марказ соли 2005 дар бинои Академияи улуми Тоҷикистон ба фаъолият оғоз карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |