Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд “Маҷмааи истиқлол”-ро ифтитоҳ мекунад (АКС)
Шоми имрӯз, 14 сентябр дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд “Маҷмааи истиқлол” ба истифода дода мешавад.
Аз маъмурияти вилояти Суғд ба “Озодагон” иттилоъ доданд, “Маҷмааи истиқлол” 58 метр баландӣ дошта, дар масоҳати беш аз 1 га бунёд шудааст: “Ин маҷмаа дар байни биноҳои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қомат афрохта, тавассути гузаргоҳи зеризаминии он ба чаҳор тарафи роҳ баромадан имконпазир аст. Инчунин, дар ин гузаргоҳ осорхонаи замонавӣ ташкил ёфтааст, ки дар он асосан харита, муқаддасоти Тоҷикистон ва дигар рамзҳои асосии кишвар гузошта хоҳад шуд”.
Манбаъ афзуд, бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар назди ин маҷмаа барномаи бузурги театрикунонидашудаи фарҳангӣ барпо мешавад: “Ин барномаи ҷашнӣ бо ҳунарнамоиву раҳпаймоии тақрибан 15 ҳазор нафар дар назди Эмомалӣ Раҳмон сурат хоҳад гирифт”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |