Якшанбе, 6 Апрел 2025
Роҳбандии дурӯза дар Суғд

Аз 13 то 15 сентябр дар вилояти Суғд ҳаракати нақлиёт дар бархе роҳҳои мошингузар қатъ мегардад.
Аз Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ба “Озодагон” хабар доданд, ки дар ин ду рӯз дар соатҳои гуногун ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт дар роҳҳои мошингарди вилоят манъ мешавад: “Ин тадбир ба хотири таҷлили чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гирифта шудааст”.
Манбаъ афзуд, имрӯз, 13 сентябр дар кӯчаҳои ба номи Саидов, Сомониён, Спитамен, Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Спитамен, шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ” то ҷамоати деҳоти Деҳмой, роҳи мошингарди “Деҳмой-Конибодом” кӯчаҳои ба номи Ҳувайдуллоев, Бобоҷон Ғафуров ва Гагарини шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов), шоҳроҳи “Ғафуров-Хуҷанд” ва кӯчаҳои ташрифии шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ҳаракати воситаи нақлиёт манъ мегардад. БДА меафзояд, 14 сентябр роҳи нақлиётгарди “Ашт-Сомғор-Хуҷанд”, кӯчаҳои Сирдарё, хиёбони Садриддин Айнӣ, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ ва Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд; 15 сентябр дар кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи “Хуҷанд-Ғафуров” ва кӯчаҳои ташрифотии шаҳри Бӯстон ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд ва дар соатҳои зарурӣ қатъ карда мешавад.
Бозрасии давлатии автомобилии Суғд гуфт, дар сурати баста шудани роҳ, ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд, бо кӯчаҳои ҳамшафат ҳаракат намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |