Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКХ иттилоъ доданд, дар оғози мулоқот дипломатии немис ба Зарифӣ ёддоштро ҷиҳати баргузории Конференсия оид ба масъалаҳои об дар Берлин, ки моҳи марти соли 2012 ба нақша гирифта шудааст, супорид. Сафир изҳори умед намуд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ дар сатҳи баланд иштирок хоҳад кард. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои баргузории ин чорабинии муҳим ба сафири Олмон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки масъалаҳои идоракунии об дар минтақа хеле муҳим мебошанд.Вобаста ба ин масъала сафири Олмон иттилоъ дод, ки вазири корҳои хориҷии кишвари ӯ ният дорад дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии Афғонистон дар Бонн вохӯрии роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро гузаронад.
Ҳамзамон бону Хертрампф миннатдориашро ба Тоҷикистон барои дастгирии интихоби номзадии кишвараш ба Комиссияи байналмилалии ҳуқуқ изҳор намуд.Дар масъалаи ҳамкорӣ дар робита ба озодшавии халабони эстонӣ ӯ мусоидати бевосита ва саҳми вазорати корҳои хориҷиро қайд кард. Мусоҳибон инчунин баргузоршавии Конференсияро оид ба Афғонистон дар Бонн ва иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар кори он муҳокима намуданд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |