Қасоси Ғанӣ аз Исломобод: Колои Покистонро ба Тоҷикистон роҳ намедиҳем
Раёсатҷумуҳурии Афғонистон эълом кардааст иҷозаи убури колои Покистонро аз хоки худаш ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ нахоҳад дод.
Ин иқдоми ҳукумати Афғонистон дар ҳоле гирифта шудааст, ки ҷониби Покистон барои ҳамлу нақли колоҳои бозоргонони афғонро аз бандари “Вога”-и ин кишвар иҷоза надодааст. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, расиҷумҳури Афғонистон дар дидор бо Овен Ҷинкинс, намояндаи хоси Бритониё дар умури Покистон ва Афғонистон гуфтааст: “Покистон барои ҳамлу нақли колоҳои бозоргонони афғон аз бандари “Вога”- и ин кишвар иҷоза надодааст. Аз ин пас Афғонистон низ иҷозаи интиқоли колоҳои бозоргонони Покистонро аз тариқи роҳҳои тронзитии ин кишвар ба Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар нахоҳад дод”.
Ашраф Ғанӣ таъкид кардааст: “Покистон ҳамеша дар фасли мева роҳҳои тронзитии худро ба рӯи колоҳо ва маҳсулоти бозоргонҳои Афғонистон мебандад ва ин боис мешавад то бозоргонони афғон солона миллионҳо доллар зарар кунанд”.
Қаблан Кобул барои роҳ додани тоҷирони Покистон ба Тоҷикистон, шарт гузошта буд, ки Исломобод тоҷирони Афғонистонро ба Ҳиндустон роҳ диҳад. Шарти Афғонистон, ки аз Покистон хостааст, монеи тиҷорат бо Ҳиндустон нашавад, соли гузашта боиси ба таъхир гузоштани имзои созишномаи транзитии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон шуда буд: “Баъди чанд соли гуфтушунид, аввали соли гузашта, зимни имзои созишномаи транзитии сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон, Кобул шарти нав дар мавриди Ҳиндустонро пешниҳод кард, ки норозигии Исломободро ба вуҷуд овард. Ин нофаҳмӣ боиси боз ба таъхир гузоштани имзои созишнома гардид”.
Аввали соли равон “Pakistan Today” бо такя ба манобеи воломақомаш иттилоъ дода буд, ки ҳамакнун Покистон розӣ шудааст, то мошинҳои боркаши Афғонистон аз хатсайрҳои Торхам, Чаман ва Вагаҳ барои додугирифти мол бо Ҳиндустон истифода баранд: “Дар иваз, Афғонистон роҳи додугирифти осони Покистонро бо Тоҷикистон мекушояд. Дастрасии молу тоҷирони Покистонро ба Шерхонбандар дар марзи Тоҷикистон таъмин мекунад”.
Шарти Кобул дар ҳолест, ки қарордоди тиҷорати транзитии Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон тайи солҳои охир, аз мавзӯҳои меҳварии мулоқотҳои сарони ин кишварҳо, аз ҷумла мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ Аҳмад буд.
Мушкили ба тавофуқ нарасидани ҷонибҳо моҳи апрели соли гузашта, зимни сафари Ашраф Ғанӣ Аҳмад, раисиҷумҳури Афғонистон ба Ҳиндустон ошкор шуд. Расонаҳои ҳиндӣ иттилоъ доданд, ки Ашраф Ғанӣ ошкоро дар мулоқот бо Нариндра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон изҳор доштааст, ки ба Покистон шарт гузоштаанд, ки барои дастрасияш ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд, агар Покистон барои дастрасии Ҳиндустон ба Афғонистон кӯмак намояд. Ба навиштаи ВАО-и Ҳинд ин ташаббус, гарчанде “дипломатияи хушк” аст, ҳадаф аз он пайваст намудани кишварҳо мебошад.
Ин шартгузориҳо дар ҳолеянд, ки солҳост, имзои созишномаи транзитӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба таъхир меафтад. Дар ҳоле, ки имзои ин созишнома метавонад, интиқоли осон ва арзони молро аз Покистон ба Тоҷикистон таъмин кунад. Инчунин Душанбе азм дорад, интиқоли шакару гандуми Покистонро ба Тоҷикистон афзоиш дода, тавассути ин кишвар ба нафти Кувайт дастрасӣ дошта бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |