Фармони Президент барои даъвати наваскарони таваллудашон 1989-1998
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлаташонро адо кардаанд, рухсат дода шаванд ва даъвати ҷавонони соли таваллудашон 1989-1998 ба хидмати ҳарбӣ оғоз гардад.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 10-уми сентябр иттилоъ дод, бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 моҳҳои октябр-ноябр ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд: “Моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд”.
Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳоро муваззаф кардааст, ки бо дарки масъулият якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ даъвати мутташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.
Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки масъулин зимни интихоби наваскарон дақиқкор бошанд: “Вазорати мудофиа ва раисони комиссияи даъват вазифадор карда шаванд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хос, қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда мукаммал гарданд.”
Вазорати тандурустии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |