Паёми шодбошии Президенти Ҳинд ба Эмомалӣ Раҳмон
Пранаб Мукерҷӣ, раисиҷумҳури Ҳинд 25-умин солгарди Истиқлолро ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон шодбош гуфтааст.
Тибқи иттилои мақомоти Ҳинд оқои Мукерҷӣ дар як паём ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, “ифтихор аз он дорам, ки салому шодбошии гарми худро ба Ҷаноби Олӣ мерасонам. Ҳиндустон ва Тоҷикистон барои муносиботи худ пояи қавиеро бунёд ниҳодаанд, ки реша дар таърих ва фарҳанги муштарак дорад. Ман аз он шодам, ки боздидҳои дуҷониба дар сатҳи баланд ба нерӯманд шудани ҳамкориҳои стратегии ду кишвар мусоидат кардаанд”.
Дар бахши дигаре аз паёми раисиҷумҳури Ҳиндустон гуфта шудааст: “Ман итминон дорам, ки муносиботи дуҷонибаи мо идома хоҳанд ёфт ва ба субот, амният ва пешрафти минтақа ва кишварҳои мо мунҷар мешаванд”.
Раисҷумҳури Ҳиндустон дар поёни паём ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии хуб, хушӣ ва барои мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафт хостааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |