Ин Шўро пас аз сарнагунии режими Ҳуснӣ Муборак идораи давлатро бар ўҳда гирифтааст, аз гурўҳои сиёсӣ дар ин кишвар хост, ки сабаби нооромиҳои ахирро баррасӣ кунанд ва барои поён додан ба ин вазъият ҳамкорӣ кунанд. Даргириҳое, ки аз рўзи ҷумъа дар майдони Таҳрир байни неруҳои полис ва таҷаммўъкунандагон ба вуқўъ пайваст, 24 кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Дар робита ба ин ҳаводис, Ҳукумати муваққатӣ бо сарварии Исом Шараф пас аз баргузории ҷаласаи фавқулода истеъфо дод, аммо Шўрои Олии Низомӣ онро напазируфт.
Расонаҳои хабарии Миср мегўянд, таҷаммӯъи мардум дар Қоҳира, Искандария, Сувайс ва шаҳрҳои дигари Миср рўзи ҷумъа оғоз шуда, то имрўз идома дорад. Эътирозгарон хостори интиқоли қудрат аз сўйи Шўрои Олии Низомӣ ба як ҳукумати ғайринизомӣ шудаанд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |