Исми ошпази беҳтарини Тоҷикистон 10 сентябр эълон мешавад
Аз озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин ошпази Тоҷикистон дар “Наврузгоҳ”-и Душанбе натиҷагирӣ мешавад.
Ин маросим шанбеи 10 сентябр бо иштироки беш аз 120 ошпаз аз тамоми минтақаҳои кишвар баргузор хоҳад гашт. Аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ки дар ин рӯз 300 кило биринҷ дар шаш дег ош пухта мешавад: “Бар иловаи омода кардани оши палов озмуни беҳтарин ороиши дастархон барои палов, беҳтарин раққос миёни ошпазҳо ва беҳтарин либоси ошпаз низ гузаронда мешавад".
Соли сипаришуда Карим Ҳалимов, сарошпази ошхонаи Бозори “Фаровон”-и Қӯрғонтеппа беҳтарин ошпаз эътироф гардида, соҳиби ҷоизаи “Кафгири тилоӣ” шуда буд.
Акс аз Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Оши палов"-2015
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |