Нахустин гуруҳи зоирини тоҷик 9 сентябр ба водии Мино меравад (АКС)
Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, хаймаҳо барои зисти ҳоҷиёни тоҷик дар водии Мино пурра омода шуда, қарор аст нахустин гуруҳи зоирин 9 сентябр ба ин минтақа сафар намоянд.
Афшини Муқим, сухангӯи ин ниҳод дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, минтақаи марбут ба зоирини тоҷикро дар Мино гуруҳи 40-нафараи роҳбаладони тоҷик бо роҳбарии Абдураҳмон Мавлонов омода намудаанд. Ӯ гуфт, имсол хаймаҳои ҳоҷиёни тоҷик бо ҷиҳози салқинидиҳанда, кӯрпачаву болинҳои наву тоза ва дигар шароити лозима муҷаҳҳаз шудааст: “Гузашта аз ин, нуқтаҳои тиббӣ низ 24 соат дар хизмати ҳоҷиён хоҳанд буд”.
Сухангӯи Кумитаи дин афзуд, дирӯз, 6 сентябри охирин гуруҳи 300 нафараи зоирини Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои ширкати “Флай-нос”-и Арабистони Саудӣ аз Душанбе ба Маккаи мукаррама расиданд: “Ҳоҷиёни Тоҷикистон дар ду меҳмонхонаи атрофи Ҳарам ҷойгир шудаанд ва баъди адои маносики умра ҳоҷиён ибодатҳои худро дар Хонаи Худо идома медиҳанд”.
Афшини Муқим гуфт, баъди адои ҳаҷ зоирине, ки аз самти Душанбе ба Ҷидда сафар намудаанд, ба Мадинаи мунаввара сафарбар мешаванд. Аммо ҳоҷиёне, ки аз самтҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара парвоз анҷом дода буданд, шурӯъ аз 17 сентябр ба Ватан бармегарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |