Тибқи иттилоъ, аллакай беш аз 270 вагони самти вилоти Хатлон дар ҳудуди Ўзбакистон бозмондаанд. Ба гуфтаи масъулини роҳи оҳани Ўзбакистон сарфи назар аз қатъи ҳаракати қатораҳо ба ҷануби Тоҷикистон, ҷониби Ўзбакистон қабули вагонҳоро ба ин самт идома дода истодааст, ки танҳо давоми 5 рўзи баъди таркиш шумораашон ба 270 адад расидааст. Масъулини роҳи оҳани Ўзбакистон бо пахши изҳороти расмӣ омодагиашонро барои интиқоли ин вагонҳо, ки маҳсулоти ниёзи аввал аз ҷумлаи орду гандум ва сўзишвориро доранд, тавассути гузаргоҳи Қудуқлӣ изҳор доштаанд.
Ҳамзамон, масъулини роҳи оҳани Тоҷикистон мегўянд дар сурати идомаи вазъ ночор пешниҳоди ўзбакҳоро қабул намуда, вагонҳои самти вилояти Хатлон ба роҳи оҳани самти Душанбе интиқол дода мешаванд ва аз ин ҷо аллакай ба воситаи ҳамлу нақли дигар, аз ҷумла мошинҳо ба ҷануби кишвар равона хоҳанд шуд.Коршиносони масоили иқтисодии тоҷик мегўянд, тавассути роҳи оҳани самти Душанбе интиқол додани молу маҳсулотро ба ҷануби кишвар, боиси гаронишавӣ дар бозорҳои ин минтақа мегардад, зеро хароҷоти интиқол афзоиш хоҳад ёфт. Истифодаи мошинҳо зимни интиқол, дар шароити ҳозира, ки сўзишворӣ бемайлон гарон шуда истодааст, молҳои дигарро ҳам қиммат мекунад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |