Нигаронии оташнишонҳо аз даъватҳои бардуруғ
Шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб аз даъватҳои бардурӯғи сокинон нигарон аст.
Подполковник Аъзам Давлатов, сарнозири ин шӯъба дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, танҳо давоми шаш моҳи соли равон 12 маротиба ба онҳо хабари бардуруғи сӯхтор дар манзилҳоро расондаанд: “Ин ҳолатҳо ба ҷараёни кори ҳаррӯзаи мо таъсири манфӣ мерасонад. Тасаввур кунед, вақте ба мо хабари бардурӯғ мерасонанд ва мо онҷо сафарбар мешавем, эҳтимол дорад, ки дар ҷойи дигар воқеан сӯхтор бошад. Бо “шарофат”-и ин гуна хабарҳо сари вақт ба ҷойе, ки ба мо ниёз доранд, расида наметавонем”.
Ҷаноби Давлатов мегӯяд, нисбати 5 нафаре, ки иттилои бардурӯғ додаанд, ба мақомоти дахлдор шикоят бурданд.
Саидмудассир Раҳматов, масъули бахши шаҳрии шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишони дар Кӯлоб мегӯяд, дар бештари ҳолатҳо ноболиғон хабари бардуруғ мерасонанд: “Онҳо гӯиё шухӣ мекунанд. Ба навбатдор занг зада хабар медиҳанд, ки хонае сӯхта истодааст. Баъд кормандон бо омодагии ҳамаҷониба ба онҷо мераванд, вале ягон ҳолати сӯхтор нест”.
Ба гуфтаи Раҳматов, дар як ҳолат маълум карданд, ки хонандаи мактаб аз телефони роҳгузаре ба навбатдор занг зада, дар бораи сӯхтор хабари бардуруғ додааст: “Аслан одамон бояд ба мо кумак расонанд, на ин ки кори моро душвор сохта, мушкилӣ эҷод кунанд”.
Шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар шаш моҳи соли равон дар минтақа 61 ҳолати сӯхтор ба қайд расида, ҳаҷми зарари он 290177 сомониро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |