Сешанбе, 8 Апрел 2025
Эълони беҳтарин шаҳр дар озмуни эълонкардаи Президент
Озмуни эълонкардаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои муайян намудани беҳтарин шаҳр, шаҳрак, деҳот ва деҳа имрӯз, 6-уми сентябр ҷамъбаст гардид.
Тибқи қарори комиссияи ҷумҳуриявӣ, ки Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон қироат кард, Хуҷанд беҳтарин шаҳри ҷумҳурӣ эътироф шуд.
Маҳмудҷон Додобоев, сухангӯи шаҳрдори Хуҷанд дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ба раиси беҳтарин шаҳри кишвар, Шарифзода Шариф Файз Шаҳодатнома ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супорида шудааст.
Ба иттилои манбаъ озмуни мазкур бо амри Президенти кишвар аз 24 феврали соли 2016 ба муносибати 25-солагии Истиқлолият оғоз гардида, дар он тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат намуданд. Дар назар аст, ки худи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 11-уми сентябр аз шаҳри Хуҷанд боздид кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |