ВИДЕО: Гулгузории Путин дар мазори Каримов ва умедаш ба ҳифзи субот дар Узбакистон
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои поси хотири Ислом Каримов, раисиҷумҳури марҳуми Узбакистон имрӯз, 6-уми сентябр аз мазораш дар шаҳри Самарқанд боздид кард.
Тибқи иттилои мақомоти Узбакистон Путин ҳамроҳи сарвазир Шавкат Мирзиёев дар назди мазори Каримов сар хам карда, гул гузошт.
Раисиҷумҳури Русия 5-уми сентябр дар пайи ҳамоиши G20 дар Чин иттилоъ дода буд, ки барои поси хотири Ислом Каримов ба Самарқанд хоҳад рафт. Путин изҳор дошт, ки бо Ислом Каримов, махсусан солҳои охир муносиботи хуби шахсӣ дошт: “Ислом Абдуғаниевич шахсан ба ман муносибати хуб дошт. Вақти суҳбатҳоямон ҳамеша ба ман бо ном ва “ту” гуфта, хитоб мекард”.
Раисиҷумҳури Русия саҳми Каримовро дар ташаккули давлати мустақили Узбакистон бузург хонда, изҳори умед кардааст, ки роҳбарият суботу эътидолро дар кишвар ҳифз хоҳад намуд: “Одамҳои нав меоянд ва тасмим мегиранд, ки минбаъд чӣ бояд кард. Ман умедворам, ки онҳо метавонанд, субот дар кишварро ҳифз кунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |