Сокинони Тоҷикобод: Хонаҳоямон ҳанӯз пури лой аст (АКС)

Сокинони аз сел зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод мегӯянд, бо гузашти наздик ба 10 рӯз ҳанӯз барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ёрии ҷиддӣ нагирифтаанд.
Абдувалӣ Парвонаев, сокини рустои Капалии ҷамоати Қалъаи Лаби об имрӯз, 6 сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, манзили зисташ пур аз лойоба шуда, чанд рӯз мешавад, ки бо кумаки сокинону хешу ақрабо ба тоза кардани он машғуланд: “Ҳама ҷо пури лой аст. Барои бартараф кардани оқибатҳои сел техникаи пуриқтидор лозим аст”.
Ба қавли Парвонаев, дар манзили онҳо чор оила ва бештар аз 20 нафар зиндагӣ мекард. Баъди омадани сел онҳо дар манзили хешу табор қарор доранд: “Худам дар хайма зиндагӣ мекунам. Ин хайма бузург нест, аз ин хотир хонаводаамон дар манзили наздикон ҳастанд. Намедонам ин ҳол то кай давом мекунад. Ҳаво сард шуда истодааст, хонаҳоямон пури лой, сарпаноҳ надорем”.
Ин сокини ноҳияи Тоҷикобод афзуд, роҳбарияти ноҳия қариб ҳар рӯз аз аҳволи онҳо хабар мегирад, аммо мегӯянд, барои бартараф сохтани оқибатҳои офат техникаи зарурӣ надоранд: “Намояндаҳои ҳукумат омада мераванд, аммо роҳе нест, ки ба ҷойи ҳодиса рафта, вазъиятро аз наздик бубинанд”.
Ба гуфтаи ӯ, то расидани зимистон имкони пурра барқарор кардани манзилҳо нест: “Аққалан замин ҳам намедиҳанд, ки зимистон нарасида аз пайи беҳбуди кор шавем”.
Ба иттилои сокинони маҳаллӣ, сел чорво, мошин, занбӯр ва ҳама маҳсулоти полезиашонро шӯстааст. Барои онҳо ба сифати кумак танҳо орду равған ва хайма додаанд. “Танҳо як нафар намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамроҳи мо ҳаст, ки дасташ ба ҳама намерасад. Мо мехоҳем барои суръат гирифтани корҳои барқарорсозӣ техника фиристанд”,-мегӯянд сокинони зарардида.
Дилшод Фатоев, сокини дигари рустои Капалӣ мегӯяд, касе аз солмандони деҳа чунин сели боҳашаматро дар хотир надорад. Ӯ ҳам гуфт, манзилашон корношоям шуда, хонаводааш дар манзили хешу ақрабо зиндагӣ дорад.
Сели шадид ба ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 28 август дар пайи канда шудани як пораи бузурги пирях ба вуҷуд омад. Қаблан Умеда Юсупова, сухангӯи Кумита ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфта буд, пирях аз куҳсанги деҳаи Себистони ҷамоати Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод канда шуда, самти ҳаракати рудхонаи Шӯракро бастааст: “Бар асари он сатҳи оби дарё боло шуд ва пули байни деҳаҳои Фатҳобод ва Шӯробро вайрон карда, 10 хонаи истиқоматиро хароб намуд, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва системаҳои коммуникатсионии рустоҳои Фатҳобод ва Капалии ноҳияи Тоҷикобод хисорати калон овард. Бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ Ситоди фаврӣ созмон дода шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |