Бахшҳо

Рӯсарӣ ё мактаб? Директор духтари тоҷикро ба дарс роҳ надод

Як духтари тоҷик, хонандаи синфи 8-ро барои доштани рӯсарӣ ба мактаби рақами 36-и шаҳри Тамбов роҳ надодаанд.

Дар ин бора расонаҳои русӣ аз қавли Хуршед Сафолов, падари ин навраси тоҷик хабар додаанд. Сафолов, ки хонаводаашон ду соли қабл аз Тоҷикистон ба Тамбов кӯч бастааст, мегӯяд, “мо ҳозир ин масъаларо баррасӣ дорем. Ё ба мактаб бе рӯсарӣ меравад, ё таҳсилро дар шароити хона идома медиҳад”.

Людмила Свешникова, мудири мактаби рақами 36, ки навраси тоҷикро бо рӯсарӣ ба дарс роҳ надодааст, дар шарҳи қазия гуфтааст, барои ҳамаи хонандаҳо либоси ягона пешбинӣ шудааст: “Дар либоси ягона барои муҳассилини мактаб ягон намуди рӯсарию сарпӯш пешбинӣ нашудааст. Яке бо сарпӯш, дигаре бо кулоҳ сеюмӣ бо фуражка ва ман ҳам чизеро дар сарам мепечонам, ҳама чунин бигардем?”

Абдураҳим Илёсов, имоми ҷамъияти мусалмонони Тамбов изҳори боварӣ кардааст, ки доштани рӯймоли сафед ҳеч мухолифате бо либоси мактабӣ надорад: “Бояд забони якдигарро меёфтем. Қотеъона набояд амал кард, ки бо рӯсарӣ набиё, ин ҷо Ислом нахоҳад буд”.

Сергей Кузнетсов, ноиби раиси шаҳри Тамбов роҳ наёфтани духтари рӯймолпӯшро ба дарс талаботи мактаб хонда, таъкид намудааст, ки ҳамаи хонандаҳо бояд меъёри ягонаи либоси мактабиро риоя кунанд: “Мудирияти мактаб талаботро барои модари ин наврас фаҳмонда, хоҳиш кардааст, ки онро риоя кунанд. Бо вуҷуди ин духтар то ҳол ба мактаб наомадааст”.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта додгоҳи олии Русия қарори бархе аз додгоҳҳои минтақавиро барои манъи ҳиҷоб дар мактабҳои миёна қонунӣ хонда, онро ба таъмини амнияти кӯдакон рабт дод.
Мӯҳр
Дар Точикистони худмон бо русари ба мактаб рох намедиханду шумо аз россия даъво доред, ки рох диханд?

Андешаманд
Охир "шаҳри якчашма раву якчашма шав" мегуянд.Хайр,талаби директорро иҷро кунад, ҳеҷ гап не. Пули Русяи нағзу қонунаш бад мӣ? Бояд аз аввал намерафтанд. Хайр дар ин ҷо ҳам бо русари ба мактаб роҳ намедиҳанд ку.

Хайр бародарон мае худам точки ва мусалмон хастам лекин дар Пруссия этироз намудан оиди ин гуна масалахоро зато мехисобам.Чаро? МО бояд ин масаларо аввал дар мамлакати худамон хал намоем. Дар Точикистон гап зала наметавонем вале дар Пруссия зурамонро нишон медихем

ф
Ба европейский суд ариза нависед. Директора дабдалаша мебароранд.

Макс
Конунхои бемаьни аз Осиё ба Русия куч бастан доранд. Ками дигар сабр кунед, дар Русия хам иди кадуву зардолу пайдо мешавад!!!

Андешаманд,
Конуни Аллох, якаст наинки харчо рави конун дигар шава дар чахон як конунай вайхам конуни Аллох,ай инхел нагуед гунахкор мешавед тавба кунед Аллох, бубахшата

Бастани ҳиҷоб ин фарзи илоҳӣст касе ки ин кор кунад ë масхара кунад ҳатто бад бинад аз ислом хориҷ мешавад. Касоне ки занҳои ҳиҷобпӯшро таҳқир мекунанд бо насси қуръонӣ кофир мешаванд. Он касе ки худро андешманд ном гузоштаи... бародар ин гапат нодуруст аст. Зеро ки дар дини ислом ризои дар куфр низ куфр аст. Ҳиҷоби касеро ба зӯр аз сараш гирифтан баробари сарашро буридан аст. Агар бовар накунед марҳамат тафсири сӯраи нурро мутолиа кунед.

Muhojir
islam,
Har davlat konuni hudashro dorad!!! Agar zindagi mehohi, ozodi mehohi gulomi hamon konun bosh! Konuni Allah odamu odamgari, nekandeshivu nakukor budan ast, na hijobu rishu fashmoni.

Бобоҷон
касе инҷо номашро муҳоҷир мондааст гуфтаниям садҳо номақул кардаи ту боз қонуни Аллоҳро дигар карда истодаӣ. сураи Нур ояти 31-ро бихон пас мефаҳмӣ беимон!!!

- мар о дар точикистон барои Токии сафед пушиданам 20сомон чарима карданы шуданд

КОМИЛ
Худованди ба ҷаҳду талошҳои шаръии Хуршед баракату кушоиш диҳад ва фарзандонашро мусалмону солеҳ ба камол бирасонад. Ин як эътирози фарди мусалмон бар зидди поймолшавии ҳуқуқҳои эътиқодии мусалмонон аст, ки он қарз аст ва на ҳар марди мусалмон метавонад ин қарзи худро иҷро кунад. Офарин Хуршед! Ин амали Ту, ки солҳост дар Урупо низ мушоҳида мешад, бояд ибрат барои ҳамаи мусалмонони Русия, алалхусус барои тоҷикон бошад, зеро Русия мисли Тоҷикистон нест ва дар онҷо қонунҳои демократӣ аксаран риоя мешанд Барои ҳамин, имкони ба мақсад расидани мусалмонон дар ҳифзи ҳуқуқҳои худ дар Русия вуҷуд дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)