Болоравии қурби доллар дар Душанбе
Бонкҳои Тоҷикистон имрӯз, 6-уми сентябр қурби 100 доллари амрикоиро 790-792 сомонӣ муайян кардаанд, ки нисбати нишондоди ҳафтаи гузашта 1-2 сомонӣ ва моҳи пешӣ 3-4 сомонӣ бештар мебошад.
Намояндагии “Амонатбонк” дар маркази Душанбе баробари боло бурдани қурби доллар имрӯз арзиши рублро низ каме боло бурда, қимати 1000 рублро зимни харид 119 сомонӣ ва ҳангоми фурӯш 120 сомонӣ муайян намудааст.
Қурби расмии рубл ва доллар тағйир наёфта, имрӯз, 6-уми сентябр дар сомонаи Бонки миллӣ мутаносибан 0,1186 ва 7,8685 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Бонки Миллӣ қурби як евроро имрӯз 8,7860 сомонӣ муайян намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |