Душанбе, 7 Апрел 2025
Мақомот: Қолиндузди муътод се маротиба суд шудааст

Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, бо иттиҳоми дуздии қолину бардевории сокинони шаҳр як марди 38-соларо боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, И.Ғ. давоми се моҳ аз маҳаллаҳои Заринкӯл, Хати роҳ ва деҳаи Лағмон даҳҳо қолину бардевории сокинонро рабуда, онҳоро дар ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон бо гандум, биринҷ, нахуд ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ иваз мекардааст: “Маҳсулоти ҷамъовардаашро ба шаҳр оварда ба сокинон мефурӯхтааст”.
Карим Муродов, корманди ШКД ба “Озодагон” гуфт, боздоштшуда қаблан се маротиба доғи судӣ доштааст: “Ӯ муътод мебошад ва барои дастрас намудани маводи мухаддир ба дуздӣ машғул будааст”.
Шабнам Соҳибова мегӯяд, қабл аз дуздида шудани қолинаш И.Ғ. ба манзили ӯ омада об хоста буд: “Гуфт, як коса об биёред, ташна мондаам. Вақте ман аз наздаш дуртар рафтам, қолинҳоро ҷамъ карда, дар як лаҳза нопадид шуд”.
Хоҷамоҳ Холова, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ӯ аз як мард қолин харидорӣ кард, аммо баъдан маълум гардид, ки онҳо дуздӣ будаанд: “Як мард дохили ҳавлӣ омада, гуфт, ки тағояш бемор асту онҳо ба пул ниёз доранд ва маҷбур шудааст қолинҳои хонаашонро фурӯшад. Аз ман зиёд хоҳиш кард, ки онҳоро бихарам. Дилам сӯхт ва бар ивази як миқдор пул онҳоро харидам”. Аммо баъди як моҳ кормандони пулис ба хонаи ӯ омада, гуфтаанд, ки қолинҳои харидааш дуздӣ ҳастанд ва бояд ба соҳибонаш баргардонда шаванд.
ШКД Кӯлоб мегӯяд, бино ба ҳисобҳои муқаддамотӣ зарари ба сокинон расондаи дастгиршуда 12450 сомониро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |