АКС: Собиқ вазир ва сафири 67-солаи тоҷик қуллаи баландтарини Ҷопонро фатҳ кард

Ҳамрохон Зарифии 67-сола, собиқ вазири умури хориҷӣ ва сафири феълии Тоҷикистон дар Ҷопон бо ҳайати дипломатҳои тоҷик ба Фудзияма, баландтарин қуллаи Ҷопон баромада, дар он парчами Тоҷикистонро барафрохтааст.
Дар ин бора худи Ҳамрохон Зарифӣ дар саҳифаи фейсбукаш хабар дода ва гуфта, ки ин куҳгардиро ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон анҷом додааст. Ба гуфтаи Ҳамрохон Зарифӣ зиёрати ин қулла барои ҳар як ҷопонӣ муқаддас дониста мешудааст ва тибқи ривоятҳо фатҳи он ҳаётӣ абадӣ мебахшидаст.
Зарифӣ навиштааст, новобаста аз куҳбароии хастакунандаи бисёрсоата ба қулла дар 6 соат баланд шудаву тайи 3,5 соат фаромадааст. Сафири Тоҷикистон ҳамчунин навишта, ки вазиши бод дар ин қулла 35 км/с, дамои ҳаво дар таҳти вулқон +25 ва дар болои қулла аз +5 то +7 °С -ро ташкил медодааст.
Дар саҳифаи Зарифӣ ҳамчунин омада, ки талоши аввалини ҳайати дипломатҳои Тоҷикистон ду ҳафта қабл барои баромадан ба болои қулла ба иллати номусоидии ҳаво ба нокомӣ дучор шудааст. Зарифӣ ба таври вижжа қайд кардааст, ки талоши дувумро тариқи пояи ҷанубу ғарбии қулла кардаанд.
Куҳбароии дипломатҳои тоҷик бо масири Субасири (дарозияш 8 км) сурат гирифтааст. Дар маҷмуъ барои баромадан ба болои ин қуллаи барои ҷопониҳо муқаддас 4 масир- Кавагутико, Субасири, Готэмба ва Фудзиномия вуҷуд доштааст. Ҳамчунин масирҳои дигаре аз тариқи пояҳои кӯҳ ҳам дошта, ки ҳамагӣ пиёдаравҳои вижа доштаанд.
Дар ин қулла ба масъали тозагӣ бисёр диққати вижа дода мешудааст ва сафири тоҷик навишта, ки “онҷо партофтани пӯсту пучоқи ҳар гуна ашё комилан мумкин нест ва барои ҳар як куҳбаро як покат дода мешавад, то ҳар партоверо, ки дид ҷамъ кунад ва ҳар касе, ки ин муқарраротро риоя накунад, ҷаримабандӣ мешавад”.
Фудзияма бо 3776 метр баландтарин қулла дар Ҷопон буда, қисмати бештари он абрпечу тумандор мебошад. Ин Куҳ барои зиёрат дар сол ҳамагӣ ду моҳ боз ва мусоид мебошад, ки ин мавсим аз июл то охири август давом мекунад.
Зарифӣ навишта, ки Фудзияма ягона маконе дар Ҷопон аст, ки барои қазои ҳоҷат 200 йен (1 йен баробари 0,01 доллар) бояд бипардозӣ ва қимати як бутали оби 500 мл. аз 200 то 600 йенро дар бар мегирифтааст. Қиммати бутали об вобаста ба макони ҷойигиршавӣ будааст. Дар баландии бештар қиммати об гаронтар мешудаст.
Ин қулла яке аз намодҳои Ҷопон дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Ин қулла на танҳо як зиёратгоҳи динӣ барои ҷопониҳо, ҳамчунин маконе барои гардишгарон низ дониста мешавад, ки солона ба он ҷо то 300 000- 400 000 ҳазор сайёҳ меравад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |