Шӯрои уламо рӯзи ид, соати намоз ва мавзӯи мавъизаҳоро муайян кард
Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбон дар кишварро 12-уми сентябр муқаррар кардааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, санаи Иди Қурбон дар ҷаласаи шӯро, таҳти роҳбарии муовини муфтӣ Саидов Абдулбасир муайян карда шуд.
Ба иттилои Шӯрои уламо намози ид дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар соати 07:00 хонда мешавад. Абдулбасир Саидов, муовини муфтӣ дар поёни ҷаласа аз имомхатибон талаб кардааст, ки "дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд".
Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон аст, ки ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабӣ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, гӯшти онро ба афроди камбизоат медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |