Парванда дар Суди Олӣ: Фиреб ва қасди қатли хоҳарарӯс дар Турсунзода
Додгоҳи Олии Тоҷикистон Изотмандов Азимҷон Алимҷонович, сокини шаҳри Турсунзодаро барои фиреб ва қасди қатли хоҳарарӯсаш ба 23 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Тавре аз Додситонии кулли Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Изотмандов бо ваъдаи ҷудо намудани се ҳисса замин аз хоҳари ҳамсараш Мелиқузиева 15 ҳазору 300 сомонӣ гирифта, ба фоидаи худ истифода кардааст: “Барои барнагардонидани ин маблағ Изотмандов 25 апрели соли равон ба манзили истиқоматии Мелиқузиева дар шаҳри Турсунзода ҳамла карда, бо корд соҳибхонаро зарбаҳои зиёд задааст”.
Ба иттилои манбаъ маҳкумшуда Мелиқузиеваи беҳушро мурда пиндошта, маблағи 5 245 сомонии дигарашро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Додситонии кул мегӯяд, бо назардошти зарари калони моддӣ ва ҷисмонӣ ба Меликузиева Изотмандов ба 23 соли зиндони низомаш сахт маҳкум гардид ва қарори додгоҳ аввали моҳи равон ҳукми қонунӣ гирифт.
Акс аз "Спутник"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |