Сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ» Талъат Нӯъмонов гуфт, ки тасмим доранд барои пешбурди 25 ғояву лоиҳаи пешниҳодкардаи ҷавонон ҳамаҷониба мусоидат кунанд. Ба гуфтаи ў дар ҷараёни ҳамоиши мазкур он лоиҳаҳое мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, ки барои ҳалли масоили мубрами иҷтимоиву иқтисодӣ пешбинӣ гардидаанд. «Аз ҷумла, 6 лоиҳаи дорои аҳамияти ҷамъиятӣ бо дастгирии коршиносон такмил дода шуданд, ки имкони амалисозии минбаъдаи онҳоро бамаротиб меафзояд», иброз дошт Т. Нӯъмонов.
Нишасти мазкур идомаи чорабиниҳои Анҷумани чаҳоруми минтақавии «Ҷавонони рақамии Осиёи Марказӣ» (DYCA) буд, ки 12-13 ноябри соли 2011 дар Филиали ДДМ ба номи М.В.Ломоносови ш. Душанбе доир гардид. Дар он беш аз 150 нафар мутахассисони ҷавони бахши фанновариҳо ва барномаҳои иттилоотию иртиботӣ, Интернети мобилӣ, ороишгарону тарроҳон ва моликони сомонаҳо, устодони муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорон, иқтисодшиносон ва рӯзноманигорон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон, инчунин Эрон ва ИМА ширкат варзиданд.
Ёдрас мешавем, ки дар нишасти қаблӣ ҳайати ҳакамон муаллифони 6 лоиҳаи беҳтаринро муайян сохт: ду ҷойи аввалро сокини шаҳри Хуҷанд Шӯҳрат Мақсудов бо тарҷумони худкор аз забонҳои ғайр ба забони тоҷикӣ дар Интернет ва намояндагон аз Душанбе Шоҳрух Давлатов ва Қобил Ҳақназаров бо барномаи компутерӣ барои донишҷӯён ва устодони риёзӣ соҳиб гардиданд. Ҷойҳои дуюмро низоми таълими фосилавӣ (донишгоҳи электронӣ, муаллиф - Ҷамшед Шарифов аз Хуҷанд) ва лоиҳаи «Ёвари электронӣ» барои одамони имконияташон маҳдуд (маҳсули гурӯҳи муаллифон аз Душанбе - Бахтиёр Ғайбуллоев, Довуд Раҷабов ва Эраҷ Шеров) ба даст оварданд. Лоиҳаҳои телевизиони «Илм ва маориф» дар заминаи донишгоҳ (муаллиф - Шаҳло Носирова аз Душанбе) ва сарчашмаи таъмини механикии барқ ба телефонҳои дастӣ (маҳсули Қиёмиддин Муҳаммадшарифӣ аз Душанбе) ба дарёфти ду ҷойи сеюм ноил гардиданд.
Анҷуман бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ» ва дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ташкил ва баргузории он Филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе, ширкати Вавилон-Т ва Вавилон-М, Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI», ҶММ «Промоушн», Ширкати Dr. Web ва Филиали «Интернюс Нетуорк Инк» дар Тоҷикистон мусоидат карданд.
Мӯҳр
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |