Amnesty International: Тағйири роҳбар низоми Узбакистонро дигар намекунад
Денис Кривошеев, муовини раҳбари бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Amnesty International ё созмони Афви байналмилал мегӯяд, бо иваз шудани раҳбари Узбакистон дар гумон аст, ки низоми саркӯбгароёна дар ин кишвар тағйир ёбад.
Ба гуфтаи ӯ, марги Ислом Каримов ба эҳтимоли зиёд ба вазъи нақзи шадиди ҳуқуқҳои инсон таъсире расонда наметавонад: “Вориси ӯ яке аз атрофиёни наздики Каримов хоҳад буд”.
Денис Кривошеев гуфтааст, давоми 27 соли султаи Каримов ҳуқуқ ва озодӣҳо нақз шуда, шиканҷа ва боздоштҳои ғайриқонунӣ ҷузъи ҷудонопазири низоми додгоҳӣ шуд: “11 сол қабл дар Андиҷон садҳо нафар аз дасти пулис кушта шуданд, аммо муҷримон ҳанӯз муҷозот нашудаанд. Ҳазорон нафар пас аз мурофиаҳои ғайриқонунӣ ба маҳбасҳои Узбакистон партофта шудаанд”.
Бар асоси Қонуни асосии Узбакистон давоми се моҳи оянда, то баргузор шудани интихоботи раёсатҷумҳурӣ кишварро раиси Маҷлиси миллӣ раҳбарӣ мекунад. Ҳоло дар ин мақом Неъматулло Юлдошев нишастааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |