Чаро бархе донишмандон расули Худоро таҳқир мекунанд?

Далер Шарифов
Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,
Қиммати санг наафзояду зар кам нашавад.
(Саъдӣ Шерозӣ)
Таҳқиру таҳвини дин ва донишмандони исломӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин авохир “муд” шудааст. Бархеҳо ҳатто пайғомбари Худоро таҳқир намуда, ӯро дар беадабиву бадахлоқӣ муттаҳам мекунанд. Одамони огоҳ медонанд, ки ин ҳарфҳо ҳеч ҳақиқате надоранд. Гузашта аз ин қонунгузории Тоҷикистон тавҳин ва таҳқири динҳо ё пайравони онҳоро манъ карда, ҷазо пешбинӣ кардааст. Вақтҳои охир дар бораи тибқи банди “барангехтани кинаву адовати диннӣ, миллӣ ва маҳаллӣ” боздошту пушти панҷара рафтани бисёриҳо шунидаем, аммо чаро онҳое, ки дини Худо ва расули ӯро таҳқир мекунанд, хеле роҳатанд?
Динситезон иқрор мекунанд, ки ба Худо ва шариати Муҳаммад (с) эмону эътиқод надоранд. Аз ин рӯ барои онҳо аз Қуръони карим, ки донишмандони саршинос онро китоби ҷовидонаву бузург эътироф мекунад, овардани далелҳо дар бораи пайёмбар ва ахлоқи бузургии ӯ мантиқӣ ба назар намерасад. Шояд ин тоифа ҳеч як аз татқиқоту навишта ва садҳо китоби марбут ба расули Худоро варақ назадаанд. Аммо бовар накарданист, ки онҳо суханҳои ҳамкешони гузаштаи худ дар мавриди ахлоқ, рафтор, гуфтор ва кирдори бемисли Муҳаммад (с) ва мактаби бузурги иҷтимоиву сиёсии ӯро нахонда бошанд. Имкон надорад, ки аз андешаи Алфонс Де Хамартин, Хюстин Смит, Херберт Ҷорҷ Велҷ, Ҳанри Массе, Ирвинг, Борталме Сен Хилёрд, Ҷон Ди Финорт, Хеберт Вил, Ҷавоҳир Лаъл Неҳру, Ҷорҷ Бернард Шоу, Карл Маркс, Аня Бисант, Эдуард Гебин, Монте, Ҳегел, Вилли Дурант, Пер Симон Лапалс, Лев Толстой, Реналд Ален Николсон, Перси Сайкес, Фелкид, Густов Лобон, Гёте, Ҷон Де Фин Рот, Луи Томас, Хенсиё Далбир ва даҳҳои дигар, ки ба ҳастии Худои якто бовар надоштанд, вале дар бораи Муҳаммад (с), ахлоқ ва шариати ӯ бо эҳтиром, воқеъбинона ва ҷавонмардона гуфтаанд, огоҳ набошанд.
Ҷон Де Фин Рот мегӯяд: “Муҳаммад аз бузургтарин хайрхоҳони башар аст ва зуҳури ӯ нишонаи яке аз олитарин ақлҳо мебошад”. Лев Толстой, нависандаи машҳури рус навиштааст: “Ҷойи шаку шубҳа нест, ки пайёмбари Ислом аз бузургони муслиҳини дунё аст, он ҳам муслиҳе, ки ба башарият хидмати бузурге кардааст”. Андешаи Пер Симон Лаплас чунин аст: “Гарчи мо ба динҳои осмонӣ ақида надорем, вале ойини ҳазрати Муҳаммад (с) ва таълимоти ӯ ду намунаи иҷтимоӣ барои зиндагии башарият аст, бинобар ин эътироф мекунем, ки зуҳури дини ӯ ва аҳкоми хирадмандонааш бузург ва бо арзиш мебошад ва ба ҳамин ҷиҳат аз пазириши таълимоти ҳазрати Муҳаммад бениёз нестем”.
Ҷорҷ Бернард Шоу гуфтааст: “...ман мӯътақидам, ки агар марде монанди пайёмбари Ислом фармонравоии мутаалиқи ҷаҳони асри ҷадидро ба даст гирад, чунон тавфиқе дар ҳалли масоили ҷаҳон хоҳад ёфт, ки сулҳу саодатеро ки башар ба шиддат ба он эҳтиёҷ дорад, таъмин хоҳад кард”. Хербер Ҷорч Вел навиштааст: “Ислом танҳо дине аст, ки ҳар башари шарофатманд метавонад бо доштани он ифтихор варзад...”. Аня Бистан: “Ғайри мумкин аст, ки касе зиндагӣ ва шахсияти паёмбари бузургро мутолиа кунад ва ӯро такрим накунад...”
Чунин мисолҳоро зиёд мешавад овард, аммо ҳоло бо ҳамин иктифо мекунем. Тавре ишора рафт, аксари ин мутаффакирон ба Худо бовар надоранд, аммо дар баҳогузорӣ аз ҳадди эътидол нагузашта, воқеъиятро эътироф кардаанд. Андешаи бархе аз донишмандони тоҷикро хонда, баъзан гумон мекунед, ки онҳо мубталои бемории равоние ҳастанд ва бояд табобат шаванд.
Ҳама медонанд, ки бо ҳарфу андешаи онҳо ҷойгоҳ ва шарофту қадосати пайёмбарони Худо ва орифону донишмандони ростин газанде намебинанд. Таърихи башарият чунин инсонҳоро зиёд дидааст ва боз зиёд хоҳад дид. Беҳтар аст, онҳо донишҳои андухтаи худро дар роҳи саодат ва хушбахтии мардум ва миллати азизамон сарф кунанд...
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |