Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Ислом Каримов барои ҳамаи мо хеле гиромӣ буд…

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба даргузашти ҳамтои узбакаш – Ислом Каримов ба мардуми Узбакистон изҳори таслият кардааст.

Дар барқияи Президенти Тоҷикистон аз ҷумла гуфта мешавад: “Дар Тоҷикистон хабари талафоти вазнину ҷуброннопазири мардуми дӯсти ӯзбек-вафоти бемаҳали Ислом Абдуғаниевич Каримовро, ки барои ҳамаи мо хеле гиромӣ буд, бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтанд”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Ислом Абдуғаниевич ҳамчун ходими барҷастаи давлатие, ки аз бисёр ҷиҳат хислату мазмуни як давраи томи таърихиро дар рушди мамлакаташ пас аз соҳиб гаштан ба истиқлоли давлатӣ муайян кардааст, абадан дар таърихи мардуми ӯзбек сабти ном шуд: "Ба шарофати фарзонагӣ ва дурандешиаш ӯ эътирофи умум гашта, ба ҳайси сиёсатмадори фарохмиқёс берун аз марзҳои кишвари худ низ соҳиби обрӯи шоиста гашта буд. Хотираи нек дар бораи ӯ ҳамеша дар қалбҳои мо мондагор хоҳад буд.Дар ин лаҳзаҳои мотам мо таъзияву ҳамдардии самимии худро ба мардуми бародари ӯзбек, ба ҳамаи пайвандону наздикони Ислом Абдуғаниевич изҳор медорем".

Маҷлиси Олӣ ва Девони вазирони Узбакистон 2 сентябр аз даргузашти Ислом Каримов хабар дода, эълон кард, бар асоси васияти ӯ ҷанозааш тибқи анъанаҳои мусулмонӣ дар Самарқанд ба хок супурда мешавад. Маросими видоъ бо Каримов имрӯз, 3 сентябр баргузор мегардад. Дар робита ба марги Каримов дар Узбакистон 3 рӯз мотами миллӣ эълон шудааст. Хабари бо сактаи мағзӣ бистарӣ шудани Ислом Каримов рӯзи 27 август расонаӣ шуд.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими видоъ бо Каримов ба Самарқанд меравад.
Мӯҳр
худо забони гуё тияд ба саволу чавоб дар кабр. худо рухата шод кунад ислом каримов

Точик
Падархонд буд ку... соли 92

рахмати сархадхоро минаборон карду баст,визаро чори кард,газро баст,нархи транзити бор аз дунё боло,доду гирифт рафту омад нест,бо шарофатиаш рогун нимкора мо дар торики...боз бар замми хаммаи ин мо мегуем ХАР КИ МОРО РАНЧА ДОРАД.РОХАТАШ БИСЁР БОД...Далер,

Бародарон мо метавонем бо чунин тарз чанги бародаркушро фаромуш кунем? Чаро хукумат гаштаю баргашта ба мо чанги он вактаро нишон медихад тарики телевизион? Оё у метарсонад мардумро бо чунин тарз? Ба гузашта салавот. Хар боре ки телевизон ин чангхоро нишон медихад маро нафрати бегунох кушта шудани азизонамро аз тарафи фронти халки ба ёдам мерасаду нафратам аз нам боло мешавад. Бас кунед ин хама тафрика андозиро!

Абдулла .
Ислом зидди дини ислом буд. Шояд сараш сачдаро надида бошад,баьд Боз худо ба у забони гуе тияд?....

Хеч мусалмон андухгин нашуд
Бар акс хурсанд шуданд ки як саркаш гум шуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)