Шӯрои уламо санаи тахминии Иди Қурбонро эълон кард
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, бо ҳисоби тахминӣ Иди Қурбон дар кишвар 12-уми сентябр таҷлил хоҳад шуд.
Ин ниҳод дар посух ба суоли як корбари сомонааш дар мавриди санаи таҷлили Иди Қурбон изҳор доштааст, ки “таҷлили иди Қурбон ба ҳисоби тахминӣ рӯзи 12.09.2016-ум дар назар гирифта шудааст. Аммо баъди маҷлиси Шӯрои уламои ҶТ ба таври дақиқ, ки як ҳафта пеш аз иди Қурбон баргузор мегардад, маълум мешавад”.
Шӯрои уламо таъкид кардааст, ки пеш аз иди Қурбон 10-рӯз рӯза гирифтан савоби бисёр дорад ва он аз аввали моҳи Зулҳиҷҷа оғоз шуда то 9-уми ин моҳ давом мекунад.
Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон аст, ки ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабӣ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, гӯшти онро ба афроди камбизоат медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |