Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Соҳибкори тоҷик аз Дубай: То олимпиадаи Токио-2020 хоб наравем

Муҳаммад Абдурозиқ Неъматзод, соҳибкори тоҷики муқими Дубай ва муассиси гуруҳи “Tajik sport” дар шабакаи Фейсбук пешниҳод кардааст, ки мо набояд то бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токиои Ҷопон хоб равем ва ҳамагӣ 5-6 моҳ пеш аз бозиҳо дастбакор шавем.
Ин соҳибкори тоҷик дар як навиштаи худ дар гуруҳаш бо ишора ба медали тиллои Дилшод Назаров дар бозиҳои Рио-и Бразилия навиштааст, ки “ҳоло як медали тилло номи кишвари моро дар ҷаҳон ин қадар боло бурд ва тоҷиконро хурсанд кард. Баъди ин медал чӣ кор бояд кунем? Болиштамонро зери сар бигзорем ва то панҷ моҳ пеш аз оғози Олимпиадаи Токио-2020 бедор шавем ва аз пайи гирифтани саҳмияи олимпӣ шавем, ё аз ҳамин рӯз барои гирифтани медалҳои олимпӣ корро шуруъ кунем?”
Муҳаммад Абдурозиқ мегӯяд, ки мо набояд ба умеди саҳмияҳои олимпӣ бошем ва талош кунем, ки аз ҳамин рӯз дар пайи ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 бошем.
Ин соҳибкори тоҷик ба даст овардани медали тиллоро аз ҷониби Дилшод Назаров Иди нахустини Қаҳрамони олимпии Тоҷик номида навиштааст: “Ҳафтаи гузашта тоҷикон шоҳиди “Иди нахустин Қаҳрамони Олимпии Тоҷик” Дилшод Назаров буданд . Кӯчаҳои шаҳро об ва майдонҳоро ҷорӯб заданд ва мардум ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва бо гулу гудастаҳо Қаҳрамонро пешвоз гирифтанд. Шоирҳо дар васфи Қаҳрамон шеър гуфтанд ва овозхонҳо суруд хонданд. Дар фурудгоҳ ба истиқболи Дилшод, шахси писари раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ, ёрдамчии раисҷумҳур, раиси Кумитаи варзиш Аҳтам Абдулозода ва даҳҳо мансабдорони раддаи аввал рафтанд. Раиси Ҷумҳур ҳам шоми он рӯз дар Қасри Миллат ӯро пазируфту "Медали Шараф " ва 300000 сомонро ба нахустин Қаҳрамони Олимпӣ аз Тоҷикистон супурд. Ин амали ҳукумат сутуданист. Ҳарчанд ки ҳама интизор доштанд, ки ба Дилшод унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро медиҳанд, чун сазовори ҳама ҷоиза ва унвонҳост”.
Ҳамчунин Муҳаммад Абдурозиқ аз қадрдонии Дилшод Назаро аз ҷониби ҳукумат истиқболи гарм карда, умед кардааст, ки дигар мансабдорон ва соҳибкорони кишвар ба ӯ ҷоиза ва туҳфаҳои худро хоҳанд дод: “Ҳукумат маблағи ваъда кардаашро дод, вале маблағ хеле ночиз аст. Интизор мешавем, то бубинем раиси Душанбе ва тоҷирон ба ӯ чӣ ҳадя медиҳанд. Умедворем, ки ҳимматбаландӣ хоҳанд кард”.
Муҳаммад Абдурозиқ дар соли 2008, баъди ба даст овардани медалҳои нуқра ва биринҷии Бозиҳои олимпӣ аз ҷониби Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев дар Пекини Чин ба онҳо автомашинаҳои Toyota “Camry” ва “Corolla” ҳадя карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |