Бахшҳо
02 сен 2016 10:16Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Душанбе: Зани солхӯрда бародарашро корд задааст

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон як зани солхӯрдаи сокини шаҳри Душанберо дар маҷруҳ кардани бародараш муттаҳам мекунанд.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ 31-уми август дар пайи корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 54-сола боздошт гардид, ки шоми 29-уми август дар хонаи истиқоматиашон бе ягон асос бо бародари 37-солааш ҷангу ҷанҷол карда, бо корд як маротиба ба қафаси синааш зарба задааст: “Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”.

Инчунин маъмурини милиса рӯзи гузашта сокини 31-солаи шаҳри Кӯлобро дастгир намудаанд, ки дар маҷруҳ кардани ҳамсараш айбдор мешавад: “Зани 25-солааш ба мақомоти милиса ариза пешниҳод карда, арз доштааст, ки шавҳараш бо корд ба қисми гардан ва дасташ зарба задааст. Феълан таҳқиқи ин ҳодиса низ идома дорад”.
Мӯҳр
Ин хамма аз руи зиндаги душвори шахрвандон ва бисёри онхо карздору зиндагии бомашакат доранд. Бинобарин асабхои мардум алакой бехад харобаст ва чунин вокияхо минбаъд бочунин тарзи зиндаги зиёд мешавад. Мардум дигар ки токати чунин бори гаронро надоранд ва хар замон асабонишуда дар ин холат ба якдигар дар меафтанд. Ягона рохи хал аз тахкики ходиса тахкики тарзи зисти мардум мебошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)