Муҳоҷирзодаҳои зиёди синфи 1-ум дар Русия баҳсбарангез шуд (АКС)
Нашри рӯйхати хонандагони синфи 1-и мактаби таҳсилоти умумии №3-и ноҳияи Котелники назди Маскав дар интернет баҳси гарми миллатгароҳои русро барангехтааст.
Бисёри корбарони руси шабакаҳои иҷтимоӣ аз он изҳори нигаронӣ намудаанд, ки қисми зиёди хонандагони синфи якумро ғайрирусҳо ташкил кардаанд. Ин феҳраст тайи ҳамагӣ чанд соат ба бисёри расонаҳои интернетӣ блогҳои маъруф роҳ ёфт ва номҳои Ҳабиба, Малика, Идрис, Юсуфҷон, Муҳаммадёр, Бекхудо дар ин рӯйхат норозигии миллатгароёнаи корбаронро ба миён овардааст.
Афроде, ки дар шабакаҳо мавқеъгирии миллатгароёнаро ҷонибдорӣ накарда, аз ҳуқуқи таҳсили фарзандони муҳоҷирон ҳимоят кардаанд, мавриди интиқод қарор гирифтаанд. Аз ҷумла Митя Алешков, роҳбари портали “Такие дела” изҳор доштааст, ки фарзандони муҳоҷирин низ мисли дигар кӯдакон ҳаққи таҳсилро доранд: “Нафароне, ки аз таҳсили фарзандони муҳоҷирин дар мактабҳо хашмгин мешаванд- ҳайвонанд ва ин барои кишвар ва ҷамъияти мо шармовар аст”. Дар ҳимоят аз навиштаҳои Алешков корбари дигар Маша Слоним як тифли тоҷик бо номи Муҳаммадро мисол оварда, афзудааст: “Вақте Муҳаммад 7-сола буду ба пеши мо омад забони русиро намедонист, аммо дар як сол забонро омӯхт ва ба мактаби ҳамсоя дохил шуд ва ҳоло бо баҳои 4 ва 5 мехонад”.
Баъзе аз корбарон иддао доранд, ки нашри феҳрасти мазкур, ки аксарашро хонандагони синфи 1-и ғайрирус ташкил медиҳад, махсус сурат гирифтааст, зеро дар рӯйхати дигар синфҳо номҳои ғайрирусӣ камтаранд: “Муайян нест, ки чаро дар як синф бисёртар фарзандони муҳоҷиронро ҷамъ кардаанд. Кӯдакон бояд омӯзанд, вале онҳоро бояд дуруст тақсимбандӣ кард”.
Бархе аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки аксари фарзандони муҳоҷиронро дар синфи алоҳида ҷой кардаанд ва таъкид намудаанд, ки дар сурати омехта кардани фарзандони муҳоҷирону сокинони маҳаллӣ ҳамдигарфаҳмию ҳамгироии онҳо беҳтар хоҳад буд.
Ин баҳс дар ҳолест, ки соли 2013 низ сокинони Котелники назди Маскав бо ирсоли як номаи дастаҷамъӣ ба Владимир Путин аз зиёдшавии муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Ветнаму Чин дар маҳалли зисташон шикоят карда буданд. Далели нисбатан зиёд будани теъдоди муҳоҷирон дар ин минтақа наздикияш ба бозори “Садовод” арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |