Сокинони Душанбе: Амрномаро барои ба ҳолати асл баргардондани айвонҳо дер расонданд (АКС)
Шаҳрдории Душанбе барои “ба асли хеш” баргардонидани айвонҳои биноҳои баландошёна дар хиёбони Саъдии Шерозӣ даст ба кор шудааст. Сокинони ин биноҳо гила доранд, ки шаҳрдорӣ онҳоро аз ин тасмим дер огоҳ кард.
Аниса Собирӣ, шоир ва нависандаи ҷавон, ки дар бинои шашуми ин хиёбон зиндагӣ мекунад, мегӯяд, амрнома дар бораи ба ҳолати аввал баргардонидани пешайвонҳоро танҳо дирӯз дарёфт карданд. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бештари сокинони биноҳои ин хиёбон ҳуҷраҳои худро бо айвонҳояшон якҷо карда, дар сурати тахриби айвон, хона низ корношоям мешавад. Ба гуфтаи хонум Собирӣ, ба тасмими шаҳрдорӣ зид нест, аммо бояд огоҳиномаҳоро пештар ба сокинон мерасонданд: “Манзили ман, ки бо айвон як аст, агар имрӯз вайрон карданд, дарҳол имкони таъмири онро надорам. Ҳамсояҳое ҳам ҳастанд, ки ҳоло дар хориҷи кишвар қарор доранд. Вақте айвонҳои онҳоро вайрон мекунанд, онҳо бехабар мемонанд”.
Масъулини шаҳрдорӣ мегӯянд, сокинон айвонҳояшонро худсарона тағйир додаанд, ки ҳусни шаҳрро коста мегардонад, аз ин рӯ бояд ба ҳолати аввала баргардонда шаванд. Дар бораи ба ҳолати асл баргардондани айвонҳо қарори раиси шаҳр имзо шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |