Коршинос: Украина танҳо аз Тоҷикистон пештар аст...
Президенти Маркази таҳлилии Украина гуфтааст, аз рӯи мизони музди миёнаи меҳнат кишвараш танҳо аз Тоҷикистон пештар аст.
Александр Охрименко дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, баъди шурӯи Евромайдон музди миёнаи меҳнат дар Украина то 53 дарсад коҳиш ёфта, 195 долларро ташкил дод. Ба гуфтаи ӯ, Украина миёни кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон поинтарин музди меҳнатро доштааст. Украина танҳо аз Тоҷикистон пеш гузашта, ҳатто аз Қирғизистон қафо мондааст: “Онҷо музди меҳнат бештар аст... Инро ислоҳоти майдон мегӯянд”.
Маркази таҳлилии Украина бо такя ба иттилои мақомоти омори кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон хабар медиҳад, ки баландтарин музди миёнаи меҳнат дар Русия будааст - $556. Дар зинаҳои баъдӣ Қазоқистон ($407), Гурҷистон ($391), Арманистон ($386), Белорус ($348), Озарбойҷон ($316), Молдов ($242), Қирӯизистон ($202), Украина ($195) ва Тоҷикистон ($116) қарор доштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |