Бахшҳо

Жириновский “джамшуд”-у “гастербайтер”-ро иштибоҳ хонд: Бояд “СССР”-ро барқарор кунем (ВИДЕО)

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия “джамшуд” ва “гастербайтер” хондани тоҷиконро иштибоҳ гуфта, чунин падидаҳоро кори дасти тахрибкорони “СССР” ва мухолифони эҳёи он иттиҳод хонд.

Ин нуктаро Жириновский зимни як ҳамоиш дар Маскав ҳангоми посух ба Шамсиддин Бобоев, хабарнигори нашрияи “СССР” изҳор дошт. Бобоев бо пешниҳоди нусхаи мақолаи баҳсбарангези Сергей Пономарёв ба Жириновский назарашро дар бораи ин матлаб ва “гастербайтер”-у “ҷамшуд” хондани як миллати бузург пурсид.

Раиси либерал-демократҳои Русия гуфт, чунин зуҳурот иштибоҳ аст ва онро кори дасти тахрибкорони давлати шӯравӣ хонд: “Аз ҳар усул кор бурданд, ки халқи Шӯравиро ҷанг андозанд, то душман шаванду бо хурсандӣ аз ҳам ҷудо гарданд. Зеро мағлуб кардани “СССР”, ҳам аз нуқтаи назари низомӣ ва ҳам иқтисодӣ ғайриимкон буд. Бинобар ин такя ба масоили миллӣ карданд, то 15 ҷумҳуриро ҷудо намуданд”.

Жириновский таъкид намуд, ки муносиботи таҳқиромез ҳамеша ҷой хоҳад дошт, вақте чизи бегонаю нофаҳмо ба сокинони маҳаллӣ халал мерасонад ва ҳамеша ангушти иттиҳом сӯи онҳо баланд хоҳад шуд, ки “гастербайтер”-ҳо гунаҳкоранд ё “лимитчик”-ҳо гунаҳкоранд.

Ӯ роҳи ягонаи ҷилавгирӣ аз ин зуҳуротро барқарор кардани “СССР” хонд: “Мою шумо як роҳ дорем. СССР-ро бе модели шӯравӣ ва Ҳизби коммунист бо низоми бисёрҳизбӣ барқарор кунем. Бигузор кишвари ягона бо қаламрави ягона бошад. Дар акси ҳол моро пайваста зидди ҳам мешӯронанд”.

Дар идома Жириновский бо зикри 150 ҳазор талафоти ҷонии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз вуруди Толибон ҳушдор дод: “Толибон дар Кобул ҳатман сари қудрат меоянд ва онгоҳ миллионҳо нафар хостори вуруд ба ба кишварҳои дар айни ҳол каму беш маданӣ-Тоҷикистон Узбакистон мешаванд”.

Зимни ҷамъбасти суханҳояш Жириновский гуфт, “мо набояд ҳамдигарро ба хандахаришу тамасхур кашему ҷойҳои заъфи ҳамдигарро кобем. Аммо мутаассифона барои ин ташвиқ мекунанд, метарсанд, ки мо боз муттаҳид мешавему халқи 300 миллионӣ хоҳем шуд. Боз Туркияю Эрон омодаанд ба мо бипайванданд он гоҳ 500 миллион хоҳем буд”.


ВИДЕОИ посухи Жириновский ба суоли рӯзноманигори тоҷик
Мӯҳр
Рост мегуяд В.Жириновский СССР-ро баркарор кардан лозим.

Исрофилниё
Ин гург ба либоси рубох даромада аст. Дар асл хес эхтироме ба миллатхои гайр коил нест

Худат мухтарам Жирик точиконро ин кадар тахкир кардию миллатхоро бо хам душман карди акнун Амрико мавкеъатонро руз ба руз танг мекунад нав фахмидед.,ки дуст ки хасту душман кист.

Агар Жириновский позицияашро иваз карда бошад, ин хуб аст. Яъне боз мо мутахид хохем шуд.

бобоҷон
ба "тарафдор": чӣ боз СССР-ро бисозему русҳо хуни моро боз бимаканд!!!!

.
Ахсан Владимир Вольфович.

у
бобоҷон,

Русхо хунамонро маканд бехтар аст назар ба лакаю карлук.

Чуяндаи хакикат
гуё мо кудакему чаноби Жириновский моро алда мекунад. Не чунин алдакорихо дигар ба кор намеравад. Мо хеч вакт дигар гуломи Шумо миллатгароён нахохем шуд. Хизматхои мардуми сарбаланди точикро хамаатон таи солхои ЧБВ фаромуш карда будед, мо барои шумо чамшуд будем акнун имруз ба мо эхтиёч доред аз шикасти худ метарсед, медонед шумо бо мо мардуми собик СССР кудрат доред, вале чаноби Жириновский акнун рохи халли баромадан аз мушкилиатонро дар танхои хохед чуст!!!!!

Ватанам чон Ватанам
Чуяндаи хакикат,
Рост гуфи бародар, Худованд пано дорад аз гунин милатгараён....вакат вакти он расиааст, ки мо бояд хама чихат тайёр бошем, хамачониба кушиши аклони карданамн даркор то ки сазовори миллатдори шиста гардем!!Чуяндаи хакикат,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)