Э.Раҳмон барои фарзандони нохалаф сураи “Исро” хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 1-уми сентябр дар мулоқот бо донишомӯзон ва сокинони ноҳияи Данғара аз зиёд шудани бошандагони хонаҳои пиронсолон изҳори нигаронӣ карда, онро далели зери по шудани анаъанаҳои миллӣ ва мазҳабӣ хонд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш гуфт, “баъзе фарзандон анъанаҳои неки милливу мазҳабиамонро зери по карда, аз нигоҳубини падару модаронашон даст мекашанд, волидайни худро ба чунин муассисаҳо месупоранд ва ҳамаи ранҷу заҳматеро, ки падар ё модар барои фарзанд мекашад, фаромӯш карда, бешармона ҳасткунандагони худро хору зор ва бенигоҳубину танҳо мегузоранд. Ҳол он, ки якшаба бехобиву ранҷе, ки модар мекашад ва кӯшише, ки падар дар тарбияи фарзанд ба харҷ медиҳад, аз арзишҳои ду ҷаҳон бештар мебошад”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки ба назараш бе нигоҳубин гузоштани волидайн ва хору зор кардани онҳо бадтарин амали инсонӣ мебошад, ки на ба қоидаҳои ҷомеаи инсонӣ ва на ба фармудаҳои ислом мувофиқат мекунад. Ӯ барои афроде, ки аз волидонашон рӯй гардондаанд, гуфт, ки Худованди карим дар сураи “Исро”, оятҳои 23-24 эҳтироми падару модарро таъкид намуда, мефармояд: “Парвардигорат фармон додааст, ки .... ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳардуи эшон назди ту ба синни пирӣ бирасанд, ба онон “уф” магӯ ва бар эшон дод мазан. Ва бо суханони муҳтарамона бо он ду сухан бигӯ ва боли тавозӯъ ва меҳрубониро бар эшон фуруд оварда, бигӯ: Парвардигоро! Ба онҳо раҳмату омурзиш бифармо, ҳамон гуна, ки онон дар хурдӣ маро бузург намудаанд”.
Эмомалӣ Раҳмон илова намудааст, ки “мо бояд кӯшиш кунем, ки муҳимтарин анъанаҳои миллиамонро на танҳо ҳифз намоем, балки онҳоро мунтазам такмил бахшида, ба ҷузъи ҷудоинопазири маънавиётамон табдил диҳем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |