Бахшҳо

Ҳуқуқдони тоҷик: Депорти ғайриқонунии муҳоҷирони тоҷик афзоиш ёфтааст (ВИДЕО)

Танҳо давоми 10 шабонарӯзи ахир аз шаҳри Маскав беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон депорт шудааст. Раҳбари созмони “ЭтМос” мегӯяд, ин рақам шояд хеле бештар бошад.

Каримҷон Ёров, раҳбари ин ҷамъияти тоҷикони Русия имрӯз, 31 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бино ба муроҷиатҳое, ки созмони онҳо дарёфт кард, танҳо дар пойтахти Русия зиёда аз 500 муҳоҷир ихроҷ шудаанд: “Ман теъдоди онҳоеро, ки ба ҷамъиятҳои дигари тоҷикон дар Маскав муроҷиат кардаанд, намедонам”.

Ёров мегӯяд, бештари муҳоҷирон ғайриқонунӣ депорт шудаанд. Ӯ гуфт, “ҳуҷҷатҳои 80 дарсади муҳоҷирони тоҷик мушкил надошт”.

Раҳбари созмони “ЭтМос” афзуд, як гуруҳи бузурги муҳоҷирон 19 август бо қарори Додгоҳи ноҳияи Лублино ихроҷ шудаанд: “Қарори ихроҷи 22 нафарро танҳо дар 5 дақиқа содир кардаанд, ки ба ягон меъёр рост намеояд. Муҳоҷирон на бо тарҷумон ва на бо адвокат таъмин нашудаанд. Аҷибаш ин буд, ки қарори додгоҳро дар бораи депорт шудани онҳо дар роҳрав тақсим кардаанд. Дар ҳоле, ки бояд суд онро дар толори додгоҳ қироат мекард”.

Каримҷон Ёров мегӯяд, аз ин 22 нафар танҳо ду кас ба зинаи болоии суд барои баррасии дубораи қарори додгоҳ муроҷиат кардааст.

ЯК БАХШ АЗ МУНОЗИРАИ КАРИМҶОН ЁРОВ БО МАСЪУЛИН ДАР БОРАИ ҚАРОРИ ДОДГОҲ



Раҳбари ҷамъияти тоҷикони Маскав мегӯяд, 26 август дар Додгоҳи Солёновскии Русия низ 20 тан аз муҳоҷирони тоҷик ғайриқонунӣ ихроҷ шудаанд: “Вақте ба додгоҳ рафта дархост кардем, ки чаро шаҳрвандони Тоҷикистонро беасос ихроҷ мекунед, корманди пулис аввал таҳдид кард. Гуфт, “это наш дом, свои права у себя дома качай”. Вақте ба сабт кардан шурӯъ кардам, дигар ягон ҳарф нагуфт”.

Ба иддаои Ёров, пулис ҳарчӣ бигӯяд, додгоҳ ҳамонро қабул мекунад. Ӯ муътақид аст, тамоми ҳукмҳои додгоҳ хеле пештар омода шудаанд. Аз ин рӯ баррасии парванда аз 5-15 дақиқа тӯл намекашад. “Баъди 5-15 дақиқа ҷавобаш тайёр, акнун фикр кунед, ки барои навиштани ду коғази формати “А4” камаш аз як дақиқа зиёд сарф мекунанд, ки ба мантиқ рост намеояд”,-афзуд вай.

Бино ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия бештар аз як миллионро ташкил медиҳад. Дар ду соли ахир як гуруҳ аз муҳоҷирон аз ҳаққи вуруд ба Русия ба муҳлати аз 3 то 5 сол маҳрум шуданд.
Мӯҳр
Вакте ки конунхо дар бораи мухочират чори шуд маьлум шуда буд ки русхо намехоханд ки мо бием ин патенту дигару дигар як бахонаи русхо мебошад ман мефахмам ки ту бародар мехохи ердам куни чи илоч хамаи ин аз боло ташкил шудаги мо бояд номус карда дигар набиеем мо бояд худамон виза чори кунем дигар наоем хозирам сари вакт аст

мехмон
Чаноби Ёров корманди пулиси Россия дуруст мегуяд! Ин хонаи онхо хаст чи хеле, ки хоханд хамон хел мекунанд. Ин даъвои Шумо асос надорад. Бояд ин масъаларо дар сатхи баланди дипломати ва сафорат дид. Шумо ва Каромат Шарипов бехуда асабхоятонро хароб мекунед. Шумо агар шахрвандии Россияро дошта бошед ба мухочирони мавсими дахолат накунед. Чунки газаби давлатдорони Россияро меоред. Ба онхо шумо хамчун ,,ватанфуруш'' хастед.

агар мо гами милатро мехурдем имруз касе мухочир намегашт аммо чи иллоч шикам серро чи парвои гурусна.мо факат тариф тариф тариф ланганбардори номери якум шудем ахволи танги мардумо дида бо шукр кун мегуем аммо барои чи шукр гуем 100-нафар сер бошад се милион гурусна дар точикистон боз 2,5-милон мухочир бокимонда аз хисоби мардум шиками худро мечаронад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)