(ВИДЕО) Хоҳиши модари чоргоникҳо аз Президент: Хона диҳед, ки дар деҳа мушкил аст
Модар ва бибии чоргоникҳои навзод аз ноҳияи Файзобод аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш доранд, ки барои онҳо дар шаҳри Душанбе як манзил тақдим кунад.
Шаҳодат Нуралиева, модари 27-солаи чоргоникҳо имрӯз, 31 август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар шароити бебарқӣ, барфи зиёд ва роҳбандиҳои деҳаашон бузург кардани чоргоникҳо хеле душвор хоҳад буд: “Дар деҳаи Дашти Марзои Файзобод зиндагӣ мекунем, барфи зиёд меборад, роҳҳо баста мешаванд, калон кардани кӯдакҳо мушкил хоҳад буд. Дар хона боз ду фарзанди дигар дорам. Аз Ҷаноби Олӣ хоҳиш дорем, ки моро дастгирӣ кунад, як хона диҳад”.
Модарбузурги чоргоникҳо низ дар тасдиқи суханҳои модари ҷавон изҳор дошт, ки падари чоргоникҳо дар Русия кор мекард: “Ҷарроҳӣ шуд ва ҳозир баргашт. Дар Ватан дар ягон ҷо кор карда наметавонад. Хоҳиш дорем, ки моро дастгирӣ кунанд. Мехоҳем, тифлҳои моро Пешвои Миллат ном гузорад”.
Шаҳодат Нуралиева, истиқоматкунандаи деҳаи дашти Марзои ноҳияи Файзобод 24 августи соли равон соати 11-и рӯз ду писару ду духтарро ба дунё овард. Нуралиева ду Шоҳписару ду Шоҳдухтарро туҳфа ба шавҳар дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолият арзёбӣ карда, изҳори умед намуд, ки фарзандонаш дар оянда ворисони арзандаи Ватан ба воя мерасанд.
Дархости хонаводаи чоргоникҳои навзод барои манзил дар ҳолест, ки соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд карда буд, хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |