Э.Раҳмон барои сабти тамоми бесарнишинҳои Тоҷикистон 3 моҳ муҳлат дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҷадиди ҳукумат ба Вазорати мудофиа ва Вазорати нақлиёти кишвар 3 моҳ муҳлат дод, ки дар мувофиқа бо мақомоти амният тамоми ҳавопаймоҳои бесарнишини кишварро ба қайд гиранд.
Тибқи қарори имзонамудаи раисиҷумҳур, ки нусхаи он дар ихтиёри "Озодагон" қарор дорад, воридоту содирот, харидуфурӯш ва истифодаи тамоми ҳавопаймоҳои бесарнишин минбаъд дар кишвар танҳо тариқи иҷозатномаи махсус роҳандозӣ хоҳад шуд, ки дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дода мешавад.
Қаблан Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки содироту воридот ва харидуфурӯши беназорати дронҳои наворбардорию ҳавопаймоҳои бесарнишин ба амнияти кишвар хатар дорад. Парлумон барои таъмини бехатарӣ ва назорати беҳтари парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Кодекси фазои ҳавоии кишвар тағйирот ворид намуд.
Мансурҷон Умаров, муовини якуми раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон изҳор дошта буд, ки гуруҳҳои нашъаҷаллоб ва террористӣ метавонанд бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин барои Тоҷикистон хатар эҷод кунанд. Ба суоли “Озодагон”, ки оё тағйироти мазкур ба “дрон”-ҳои наворбардорӣ низ рабт доранд, Умаров посух дода буд, ки “дронҳо” низ зери назорат гирифта мешаванд. Ӯ гуфт, ки бархе дронҳо ё квадракоптерҳое ҳастанд, ки метавонанд то 15 кило борро бардоранд ва метавонанд барои интиқоли маводи мухаддиру тарканда истифода шаванд: "Воридоти ҳавопаймоҳое, ки характери гражданӣ доранд, бо мақомоти авиатсияи гражданӣ мувофиқа карда мешавад. Дигарҳояш бо Вазорати мудофиа ҳамоҳанг карда мешавад".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |