Саломатӣ-таманниёти Э.Раҳмон ва президентҳои дигар ба Каримов
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як паём унвонии ҳамтои узбакаш Ислом Каримов мардуми Узбакистонро бо 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфтааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон дар сомонаи расмияш хабар додааст. Ба иттилои манбаъ дар баробари Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо роҳбарони кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ ба мардуми Узбакистон ва сарвари он сулҳу оромӣ, хушбахтӣ, рушд ва саломатиро таманно кардаанд.
Рӯзи 1-уми сентябр 25-умин солгарди Истиқлолияти Узбакистон дар ҳоле таҷлил мегардад, ки тибқи иттилои расмӣ вазъи саломатии Ислом Каримов бад шуда, дар шуъбаи эҳёгарии беморхона қарор дорад. Бархе аз расонаҳо бо такя ба манобеи худ аз даргузашти Каримов иттилоъ доданд, аммо расман ин хабар тасдиқ нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |