Сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ванҷ мунҷар ба марги як нафар гардид.
Тавре аз раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба «Озодагон» иттилоъ доданд, шаби гузашта, тахминан соати 23:10, ронандаи атомашинаи тамғаи «Митсубитси Пажеро» Аҳмад Шарипови 56 –сола, аснои ҳаракат дар маркази ноҳия аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Расул Расулови 62- соларо, ки тракторчии идораи таъмири роҳи ноҳия шуда кор мекард, пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, аснои ба беморхона интиқол ёфтанаш ба шаҳодат мерасад.
Тибқи иттилои расида, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 3 садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайваста, 1 нафар ҷони худро аз даст додааст. Зимнан, 2 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфтаанд.
Мӯҳр