Дарозумртарин сокини сайёра 145 сол доштааст
Дарозумртарин инсони рӯйи замин дар Индонезия зиндагӣ мекунад. Нашрияи Daily Mail аз ин нафар Мбах Гото ном бурдааст, ки 145-сола мебошад.
Ба иттилои манбаъ, Гото 31 декабри соли 1870 таваллуд шуда, чор ҳамсар ва тамоми фарзандонаш фавтидаанд. Ҳоло ӯ бо набераву абераҳояш зиндагӣ мекунад. Яке аз набераҳои Мбах Гото гуфтааст, бобояш дар синни 122 зиёд беҳол шуд ва гумон карданд, ки зиндагиаш ба поён расидааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло бобояш бо душворӣ ба паҳлӯи дигар тоб мехӯрад ва наметавонад мустақилона ғизо тановул кунад: “Чашмонаш хира шудаанд, аз ин рӯ радио гӯш мекунад”.
Мбах Гото сирри дарозумрии худро сабр гуфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |