Нахустин парвози ҳавопаймои “Флай-нас” барои интиқоли зоирини тоҷик ба Ҷидда
Имрӯз, 31 август ширкати арабии “Флай-нас” нахустин парвози худро барои интиқоли зоирини тоҷик аз самти Душанбе ба Ҷидда анҷом хоҳад дод. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Кумитаи дини Тоҷикистон хабар доданд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Афшини Муқим, сухангӯи Кумита, охирин гуруҳи ҳоҷиён аз вилояти Суғд вориди Маккаи мукаррама шуданд. Ба гуфтаи манбаъ, парвози охирин гуруҳи ҳоҷиён аз шимоли кишвар 29 август сурат гирифт. Аввалин гуруҳи зоирин аз вилояти Суғд 21 август аз Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара парвоз карда буд.
Афшини Муқим мегӯяд, ҳоло ҳамаи ҳоҷиёне, ки дар Мадина қарор доштанд, ба Маккаи мукаррама сафарбар шуда, барои адои маносики ҳаҷ омодагӣ мегиранд. Сафари ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ то 5 сентябр идома хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |