Эълони 3 миллион $ ҷоиза барои иттилоъ дар бораи Гулмурод Ҳалимов (НАВШУДА)
Ҳукумати ИМА барои иттилоъ дар бораи макони будубоши Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки ба “ДИИШ” пайваст, то 3 миллион доллари амрикоӣ ҷоиза эълон кард. Дар ин ин бора Курт Райс, муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба таҳлилу таҳқиқи таҳдидҳои назди дафтари амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА имрӯз, 30 август дар суҳбат бо журналистони тоҷик хабар дод.
Курт Райс дар шарҳи ин ҷоизаи Амрико, ки “Мукофот барои адолат” ном доштааст, Гулмурод Ҳалимовро яке аз пешвоёни калидии гуруҳи террористии “ДИИШ” номид ва гуфт, Вазорати хориҷаи ИМА Ҳалимовро террористи байналмилалии дараҷаи махсус муайян кардааст: "Иттилоъ дар бораи Ҳалимов метавонад ба наздиктарин сафорати ИМА ё суроғаи электронии ниҳодҳои дипломатии ИМА пешниҳод карда шавад".
Райс дар посух ба суоли “Озодагон”, ки ҳадафи эълони ҷоиза барои маълумот дар бораи буду боши Ҳалимов танҳо мубориза бо терроризм аст ва ё ӯ метавонад кадом маълумоти сиррии Амрикоро ошкор кунад, гуфт, Гулмурод Ҳалимов дар ИМА дар чанд давраҳои омӯзишии мубориза бо терроризм омӯзиш дида, як ҷанговари бисёр ҳирфаӣ мебошад ва аз шеваҳои муборизаи Амрико бо гуруҳҳои террористӣ огоҳ аст. Масъули Департаменти давлатии ИМА огоҳии Ҳалимовро аз шеваҳои мубориза алайҳи терроризм хатарнок хонда, илова намуд, “ин метавонад ба нафъи мо набошад”.
Ба гуфтаи Курт Райс, эълони ҷоиза барои дарёфти маълумот барои мушаххас кардани макони Ҳалимов ва боздошти ӯ мебошад. Вай афзуд, Ҳукумати Амрико махфӣ нигоҳ доштани шахсияти нафаронеро, ки дар бораи раҳбари пешини “ОМОН” маълумот пешниҳод мекунанд, кафолат медиҳад.
Муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар идома гуфт, Кумита оид ба масоили ДИИШ ва “Ал-Қоида”-и назди Шӯрои амнияти СММ нисбат ба Ҳалимов таҳримҳо ҷорӣ кардааст: “Ҳукумати Тоҷикистон тафтишоти худро нисбат ба Ҳалимов давом дода истодааст ва Интерпол ба тамоми давлатҳои узв огоҳномаи сурх ирсол кардааст, ки Ҳалимов дар пайгарди байналмилал қарор дорад ва бояд дастгир шаваду ба Тоҷикистон истирдод гардад”.
Райс дар изҳороти худ ҳамчунин гуфт, касоне дар бораи Гулмурод Ҳалимов маълумот доранд, метавонанд тавассути почтаи электронии info@rewardsforjustice.net ё телефони (+992) 98-580-00-85 (дар дохили Тоҷикистон) ва ё наздиктарин Сафорату консулии ИМА дар тамоми дунё хабар диҳанд. Вай таъкид кард, Амрико бесаброна мунтазири дарёфти маълумот дар бораи Гулмурод Ҳалимов мебошад.
Замоне, ки хабари ба ДИИШ пайвастани Гулмурод Ҳалимов расонаӣ шуд, мақомоти Тоҷикистон ӯро гирифтори “бемории руҳӣ” гуфта буданд. Вале Курт Райс гуфт, бар асоси маълумоти ИМА замоне, Ҳалимов дар давраҳои омӯзишии ИМА ширкат мекард, солим буд: “Вале он замон касе пешгӯйӣ карда наметавонист, ки ӯ ба ДИИШ мепайвандад”.
Вай изҳор дошт, дар чунин мақтаи замонӣ эълон шудани ҷоиза аз ҷониби ИМА далели хосе надорад, танҳо ҳамин ҳоло фурсат шуд, ки ба ин кор расидагӣ кунанд: “Барои мо муҳим маълум шудани ҷойи ӯ ва дастгир шуданаш мебошад. Ҳатто муҳим нест, ки ӯ бар асоси қавонини Тоҷикистон муҷозот шавад ва ё ИМА”.
Собиқ фармондеҳи “ОМОН” ки 27 майи соли 2015 пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад. Вазири умури дохилии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки Ҳалимов маъюб шудаасту 100 доллар нафақа мегирад.
Гулмурод Ҳалимов аз соли 2003 то 2014 чанд давраи омӯзишии ИМА дар умури мубориза бо терроризмро фаро гирифтааст ва Амрико ӯро муҳимтарин мутаххасиси ин умур дар раддаҳои миёнаи ДИИШ медонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |