Ифтитоҳи шӯъбачаи пулис дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз низоъ

Дар марзи шимоли Тоҷикистон бо Қирғизистон шӯъбачаи минтақавии пулис ба фаъолият оғоз кардааст.
Аз дафтари матбуоти Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд ба “Озодагон” хабар доданд, ки ин шӯъба дар маҳаллаи аҳолинишини ҷамоати деҳоти Қулундии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки бо ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамсарҳад аст, ба истифода дода шудааст: “Ин шӯъбача дар наздикии гузаргоҳи байнидавлатӣ ҷойгир шуда, дар маросими ифтитоҳи он ҳайати ду ҷониб – сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд Шариф Назарзода ва муовини вазири умури дохилии Қирғизистон ширкат варзиданд”.
Манбаъ афзуд, шӯъбачаи милисаи Қулунду бо дастгирии молиявии СММ азнавсозӣ шуда, яке аз ҳадафҳои асосии он пешгирӣ аз низоъҳои наздисарҳадӣ мебошад: “Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Қулунду утоқи кории нозири милиса ба истифода дода шуд, ки намояндагони мақомоти дахлдори вилояти Суғд дар маросими ба истифода додани он низ иштирок доштанд”.
Дар солҳои охир чандин ҳолати низои сокинони маҳаллаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон сабт шудааст. Дар бештарини ин ҳолатҳо муайян нашудани хатти марз сабаби ин низоъҳо мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |