Шикояти сокинони Рӯшон аз қатъи дастрасӣ ба TV-ҳои давлатӣ
Сокинони деҳоти атрофи маркази ноҳияи Рӯшон аз қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон шикоят доранд.
Тавре истиқоматкунандагони деҳоти Емс ва Шуҷанд дар 10-15 километрии маркази ноҳияи Рӯшон ба “Озодагон” изҳор доштанд, аз моҳи март инҷониб наметавонанд шабакаҳои “Сафина”, “Ҷаҳоннамо” ва “Баҳористон”-ро тамошо кунанд. Ба иттилои мусоҳибон аз меъёр зиёд додани нерӯи барқ аз сӯи ширкати “Помир энержӣ” дастгоҳҳои пахши телевизионҳои давлатиро корношоям кардааст: “Масъулин дастгоҳҳоро гирифта бурданд, аммо то ҳол барқарор накардаанд. Мардум ба ғайр аз шабакаи “Тоҷикистон”, ки барқарор шуд, ба шабакаҳои дигари давлатӣ дастрасӣ надорад”.
Сокинони деҳоти Рӯшон мегӯянд, ин нахустин ҳолати аз меъёр боло рафтани нишондодҳои нерӯи барқ ва корношоям гардидани таҷҳизоти барқии мардум набуда, дар гузашта низ чунин ҳолатҳо рух додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |