Хадамоти зиддинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе ба санҷиши шикояти як сокини Душанбе аз талаби роҳкирои бештар ва рафтори ноҷои кондуктор шурӯъ кардааст. Юсуфҷон Бобоев, сармутахассиси шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ имрӯз, 30 август ба “Озодагон” гуфт, аз ҷамъияте, ки ронанда онҷо фаъолият мекунад, дастрас намудани ӯ ва кондукторро карданд: “Аммо ҷавоб доданд, ки ронанда бинобар сабаби бемории падараш ба Истаравшан рафтааст”.
Рӯзи гузашта Муҳаммад Болтаев, як донишҷӯи тоҷик ба “Озодагон” муроҷиат карда гуфт, мусофиркашҳои №28 аз назди Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ, воқеъ дар маҳаллаи 33 то бозори Корвон аз мусофирон ду сомонӣ талаб мекунанд: “Мо чанд нафар эътироз кардем, ки чаро ду сомонӣ мегиред? Аммо кондуктор гуфт, “касеро нафорад, нашинад”. Вақте хостам рақами қайди давлатии мошинро акс гирам, кондуктор дашномҳои қабеҳ кард: “Гуфт, эй буз очата фалон мекунам. Боз чанд дашноми дигар кард. Вақте ба аксгирӣ идома додам, як оҳан дар дасташ аз мусофиркаш пешам омад ва дод зад, ки “бра любой ҷо бзи кн, қатит любой ҷо мерам”.
Юсуфҷон Бобоев, сармутахассиси шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, баъди дар сомонаи “Озодагон” нашр шудани ин хабар онҳо маълум карданд, ки мусофиркаши 2416 ТТ 05 ба Алишер Усмонов, зодаи шаҳри Истаравшан таалуқ доштааст. Ба гуфтаи Бобоев масъалаи худсарона боло бурдани роҳкиро ва рафтори кондуктор мавриди баррасӣ қарор дошта, аз натиҷаи он ба расонаҳо хабар медиҳанд.
Як манбаъ аз ҷамъияти “Нақлиёт”, ки хатсайрҳои №28-ро зери назорат дорад, гуфт, ба иттилои онҳо баъди ба Истаравшан рафтани ронанда кондуктор ҳам фирор кардааст.
Юсуфҷон Бобоев мегӯяд, дар шаҳри Душанбе бештар аз 2,5 ҳазор нақлиёти мусофирбар фаъолият дошта, онҳо имкони назорати ҳамаи онҳоро надоранд: “Аз ин рӯ дар ҳама нақлиёти мусофиркаш рақамҳои Шӯъбаи зиддиинҳисории шаҳрӣ, харитаи хатсайр мавҷуд аст. Дар сомонаи “Озодагон” ҳам шумораи телефонҳои боварии шӯъбаи зиддиинҳисорӣ ҳаст. Шаҳрвандон ҳангоми мушоҳидаи қонуншиканӣ бо он рақамҳо тамос бигиранд. Кумаки шаҳрвандон бисёр муҳим аст ва ҳар муроҷиат саривақт мавриди баррасӣ қарор мегирад”.
Бо қарори шаҳрдорӣ аз тобистони соли 2011 фосилаи ҳатсайрҳое, ки беш аз 16 км-ро ташкил медод, ба ду қисм ҷудо шуда, роҳкиро барои ҳар қисмат 80 дирам муайян шуд. Аммо ронандаҳо аз мусофирони худ аксаран ба ҷойи 80 дирам як сомонӣ ва ба ҷойи 1,60 дирам 2 сомонӣ талаб мекунанд. Баъзе шаҳрвандон мегӯянд, ронандаҳое ҳам ҳастанд, ки барои як хатсайр аз мусофирон се сомонӣ талаб мекунанд.