Дар Душанбе спартакиадаи варзишӣ миёни ҷавонон ва донишҷӯён оғоз гардид.
Тибқи иттилои расида, ин чорабинии варзишӣ бо ибтикори кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ доир мешавад. Дар маросими расмии ифтитоҳи он Маликшо Неъматов суханронӣ карда гуфт, спартакиада аз рӯйи 12 намуди варзиш ба монанди футбол, волейбол, баскетбол, теннис, чавгонбозӣ, шашка, шоҳмот, варзиши сабук, якҳарбаи шарқӣ ва намудҳои гӯштин сурат мегирад. Ҷавонони варзишгар аз донишкадаи тарбияи чисмонӣ, донишкадаи забонҳо, донишгоҳҳои миллӣ, аграрӣ, тиббӣ, донишкадаи иқтисодӣ ва коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ байни ҳам рақобат мекунанд. Ҳамзамон, аз ҷониби раёсати донишкадаи варзиш ва кумитаи ҷавонон барои мусоидат дар рушди сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, собиқадорони соҳа ва донишҷӯ-варзишгароне, ки натиҷаҳои хуби варзишӣ доранд, бо сипоснома қадрдонӣ шуданд.
Мӯҳр