Қӯшунҳои сарҳадӣ: Чораҳои амниятӣ дар марз бо Узбакистон пурзӯр нашудааст
Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди таҳкими чораҳои амниятӣ дар марз бо Узбакистонро рад кард.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон имрӯз, 30 август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, фаъолияти марзбонҳо тибқи реҷаи ҳаррӯза идома дошта, ҳеч тағйироте дар ин замина нашудааст.
Пойгоҳи хабарии Flashnord дар саҳифаи твиттери худ бо такя ба манобеаш дар ҳукумати Тоҷикистон навишт, дар пайи хабарҳои марги Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон Тоҷикистон чораҳои амниятӣ дар марз бо ин кишварро таҳким мебахшад. Ин расона ҳамчунин мегӯяд, дар доираҳои ҳукуматӣ аз шиддат гирифтани авзоъ дар марзи ду кишвар баъди марги Каримов хавф доранд. Аммо сухангӯи Қӯшунҳои сарҳадӣ таъкид мекунад, ҳеч ҷойи нигаронӣ вуҷуд надошта, фаъолиятҳо дар марз бар асоси реҷаи муқаррарӣ идома доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |