Президент лентаи рамзии бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро бурид
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 барои бунёди ин иншоот санги асос гузошта буд ва корҳо аз моҳи июни соли 2012 оғоз шуд. Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва пудратчӣ ширкати “Сур-саф” мебошад: “Барои бунёди иншооти мазкур 50 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Бинои таълимӣ аз 3 иморати 5 ошёна иборат мебошад ва барои 1072 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст”.
Ба иттилои манбаъ, масоҳати умумии бинои нав 15 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад ва барои таҳсили донишҷӯён дар шароити муосир басо созгор аст. Дар таҳхона ошхона бо 280 ҷойи нишаст, 5 адад озмоишгоҳи химия, физика ва биология сохта шудааст: “Дар бинои нав толори варзишӣ бо 195 ҷой барои тамошобин, 3 утоқи лингофонӣ бо 50 ҷой, толори машваратӣ бо 20 ҷой, озмоишгоҳи криминалӣ, маҷлисгоҳ бо 560 ҷой, маркази матбуотӣ бо студияи радио ва телевизион, аудиторияҳо бо 280 ҷой, 2 синфхонаи компютерӣ бо 70 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи панҷум китобхонаи электронӣ бо 50 ҷой мавҷуд аст”.
Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон яке аз калонтарин донишгоҳҳои кишвар ба шумор рафта, соли 1996 таъсис ёфтааст. Дар донишгоҳ аз рӯйи 18 равияи бакалавриат, 11 равияи таълимии магистратура зиёда аз 20 барномаи магистрӣ, 2 равияи докторантура ва 3 равияи аспирантура фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-тадқиқот бурда мешавад. То имрӯз ин донишгоҳро беш аз 20 ҳазор нафар хатм кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон аснои суханронӣ дар расми баҳрабардорӣ аз ин муассисаи таълимӣ Русияро шарики муҳими иқтисодии Тоҷикистон хонда, гуфтааст, дар низоми робитаҳои иқтисодии хориҷии кишвар мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Ба гуфтаи Президент, гуфтааст, “мо ба сармояи Русия зарурат дорем ва дар ҷалби он ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳавасмандем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |