Сел дар Тоҷикобод 10 манзилро хароб кардааст (АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи омади сел дар ноҳияи Тоҷикобод 10 манзили истиқоматӣ, пули миёни деҳаҳои Фатҳобод ва Шӯроб ва хатҳои алоқа зарар дидааст.
Умеда Юсупова, сухангӯи кумита имрӯз 29 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, сел нисфирӯзии 28 август дар пайи кандашавии пирях дар деҳаи Себистони ҷамоати Қалъаи Лабиоби Тоҷикобод ба вуҷуд омадааст. Ба иттилои манбаъ, пиряхи кандашуда об шудаву ба ярч мубадал гаштааст: “Барои огоҳ шудан аз вазъ муовини сарвазири кишвар ва раҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса қарор доранд”.
Хонум Юсупова мегӯяд, барои кумак ба зарардидаҳо ситоди ҳолатҳои фавқулода таъсис шуда, дар ҳоли ҳозир манзили зарардидаҳоро аз лой тоза намуда, ба минтақаҳои зарардида оби нушокӣ таъмин менамоянд.
Аз омадани сели харобиовар ба Тоҷикобод нахуст шоири маъруф Рустам Ваҳҳоб хабар дод. Ӯ дар саҳифаи Фейсбуки худ бо гузоштани чанд акс навишт, "ин сел рӯдхонаи Шӯракро бо жарфои беш аз 20 метр пур карда ба рӯи роҳҳо ва дохили ҳавлиҳою боғҳо ҷорӣ гардид. Сел бар асари лағзиши лозури (пирях, яхчол) бузургҳаҷм аз кӯҳҳои қисмати ҷанубии ноҳия ба вуҷуд омадааст".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |