Меҳмоннавозии тоҷикӣ даромад аз ҳисоби туристонро коҳиш медиҳад?

Масъулини ҳукумати Балҷувон мегӯянд, ҳамасола теъдоди ҷаҳонгардон ба ҳудуди ноҳия меафзояд, аммо бо далели меҳмоннавозии аҳолӣ даромад аз ҳсоби туризм коҳиш ёфтааст.
Шарифхон Турахонов, як масъули мақомоти маҳаллии ноҳияи Балҷувон гуфт, танҳо давоми 7 моҳи соли равон наздики 30 шаҳрванди хориҷӣ аз ноҳия дидан кардааст, ки бештари онҳо куҳнавардон ва шикорчиёнанд: “Миёни онҳо 10 нафар аз Испания, 4 нафар аз Русия, 1 нафарӣ аз Украинаву Португалия ва ғайра ҳастанд”.
Ҷаноби Турахонов меафзояд, чун тоҷикон мардуми меҳмоннавозанд, дар бештари ҳолатҳо мардум ба сайёҳон ҷойи хоб ва хӯрок медиҳанду бар ивазаш чизе намегиранд: “Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ин ҳолат то андозае рафъ гардид ва ҳамакнун барои чунин хизматрасониҳо мардум аз сайёҳон пул мегиранд”.
Манбаъ мегӯяд, шикорчиёни хориҷӣ одатан дар фасли зимистон ба Балҷувон меоянд: “Онҳо барои шикори баъзе ҳайвонот иҷозатнома мегиранд. Сайёҳон бештар ба ҷамоати Сари Хосор сафар мекунанд”.
Ба гуфтаи ӯ, то моҳи августи соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои супурдаи сайёҳон ба буҷа 5420 сомонӣ ворид шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |