Бахшҳо
29 авг 2016 11:01Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Муҳаммад: Кондуктори мусофиркаши 28 маро буз гуфт... (АКС)

Як мусофири хатсайри №28 аз талаби роҳкирои бештар ва рафтори ноҷои кондуктор ё пулчинаки як мусофиркаш шикоят дорад.

Муҳаммад Болтаев, як ҷавони тоҷик мегӯяд, мусофиркашҳои №28 аз мусофирон 2 сомонӣ талаб мекунанд: “Ҳамин ҳоло дар назди Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ, воқеъ дар маҳаллаи 33 қарор доштам. Кондуктор аз ҳама ду сомонӣ талаб мекунад. Касе эътироз кард, мегӯяд, “нафорат фаро”.

Ба гуфтаи Муҳаммад, вақте хост рақами қайди давлатии мусофиркашро акс бигирад, кондуктор ӯро дашномҳои қабеҳ кард: “Гуфт, ки эй буз очата фалон мекунам. Боз чанд дашноми дигар кард. Вақте ба аксгирӣ идома додам, як оҳан дар дасташ аз мусофиркаш пешам омад ва дод зад, ки “бра любой ҷо бзи кн қатит любой ҷо мерам”.

Ин ҷавон рақами мусофиркаш (2416 ТТ 05) ва акси кондукторро унвонии “Озодагон” фиристод ва изҳори умед кард, ки масъулин ронанда ва кондуктори онро муҷозот мекунанд.

Муҳаммад: Кондуктори мусофиркаши 28 маро буз гуфт... (АКС)


Муҳаммад: Кондуктори мусофиркаши 28 маро буз гуфт... (АКС)


Моҳи июл пас аз шикояти зиёди сокинон аз талаби роҳкирои бештар аз сӯйи ронандаҳои мусофиркаш, Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе тавассути “Озодагон” рақамҳои телефони ин ниҳодро эълон кард. Масъулини хадамот аз мусофирон даъват карданд, дар сурати ситондани роҳкирои барзиёд сокинон метавонанд шабонарӯз бо шумораҳои 2 21 45 28, 221 45 29, 900 09 59 00, 988 99 11 88 тамос бигиранд.
Мӯҳр
Ин маршруткачихо касеро гуш намекунанд. Аз Корвон то ГАИ бояд 1 сомони бошад, аммо онхо то Политехникум 1 сомон ва то ГАИ 2 сомон мегиранд.агар пурсон шави, мегуянд, ки фаро аз маршрутка

в
Аз худ рафтагианд ин маршуруткачихо. Мисле ки дар хонаи очаашон бошанд. нафорат фаро. Ягон сохиб хаст дар хамин шахр е не? Наход зури шахрдори бо чор маршруткачии бесаводи бетарбия нарасад?

мухамад биё як руз такси кор кун баъд мефахми хар як макомот доля дора надихи кор када наметони ку запис кун рузта мебини так что об аз боло лой барои дирам даъво мекни и мардако пачка метан

нафоратон савор нашен аз мо хам ами хел хар як макомот доля мегира барои дирам гиря мекнен мо 40 50 сомони метем хомушем озодагон илтимос чоп кун бфахман

Маршруткахои раками 8 ум низ хамин холро доранд аз 2 сомон кам дихи фаро мегуянд махкул набошад дигарашба шин хол он ки дигараш хам аз 2 сомон кам намегирад.Е ин ки аз ин тарафи магозаи маркази цум нишину ба он тарафаш гузашта фарои 2 сомон те мегуяд.То цума 1 сомон баъди цум 1 сомонаст.барои мисол аз магозаи ПОЙИТАХТ нишину дар назди боги ХАЙВОНОТ ФАРОИ 2 СОМОН МЕГИРАНД Е КИ БАРАКС НИШИНИ.Агар аз фурудгох е ки азарафшон то цум- а бошад як сомон.Ба фикри банда то 18 км 80 дирам баъди 18 км 80 дирам 1 сомону 60 дирам мешуд! хай як назорат кунед охи халкро тороч накунанд ин ронандахо!

Саҳар аз хона бо маршруткаи рақами 2ғи самти ДОК мерафтагӣ савор шудам. Аз Аввал то охир ин маршрутка бо дигар маршруткаи 2 пойгаҳ карда, ҳангоми аз тарафи мусофир илтимоси боздоштани мошинро кард (Дар истгоҳи Сирк) ин малъун гашта (баъди поворот) манъ кард. Ин мусофҷир бо ду кудаки хурдсол буд. Аз ва пурсидам. Вай бо алфози қабеҳ ин ҷо ҳам истгоҳ гуфта, бо кори худ машғул шуд. Рақами маршрутка 0368 тт 05 РТ

хоҷи
шайхи мерседес,
шайхи мерседес, Эй мардаки хуб, Муҳаммад пулро ба осони наёфтааст,ки аз ҳаққи худаш ҳимоя накунад. Шумо маршруткачиҳо вокеан ҳам аз сари худ рафтаги. Якташ дар маршрутка ...ри маро мехуред гуфтааст.ки сабти овозаш ҳаст ва рузи панҷшанбе дар газетаи "Тоҷикистон" чоп мешавад хон, ана баъд аз бетарбиягии ин тоифаи пули мардум масткарда хабар дор мешавӣ....Бисёр бетарбия хастанд

ап
шайхи мерседес,

Нафорат фаро - ин хел гап намешавад. Ту ба хамин хатсайр лицензия гирифтаи ва бояд ухдадрихоятро ичро куни. Ичро накарди, лицензияатро мегиранд. Нафорат фаро - ин каттагиву нозу нузатро дар хамон кишлокхоятон кунед.

Шайхи мерседес: Намефорат кор накун ҷои маҷбури нест ай шумо доля мегиран тарафи мусофирон ба оҳан зури мекунен равен боло муроҷиат кунен. Шумо аввал рафтору одамгарира бо калонон омузен ё ақаллан я пулчинаки мактабхондагира гирен.

Ба Мухаммад
О ту чи хак дори ки акс мегири аслаш ба асаби таксиронхо ва маршруткачихо нарасед вазияти ваёрам фахме ва масалалар бо гапи хуб хал кардана ед бигире

Саид
дар хакикат ин маршруткаи 28 будагихо худшон шоху таъбшон вазир аст.. аз Корвон 2 сомони то ГАИ мегиранд.Бо мусофирхоро дашном хам медиханд. Ин хатсайр ва умуман шахр сохиб дошта бошад?.

Воқеан ин ба шаҳр умуман монанд нест. Ҳама кондукторхои бесавод, ба болои ин "зур" ҳам ҳастанд. Маршруткаи раками давлатиаш 10 49 ТТ 01РТ бо ман низ чунин рафтор кард. Вақте барои 2 нафар 3.60 додам мегӯяд 4 сомон мешавад. Вақте қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2011 - ро талаб кардам, мегӯяд, мошин вайрон шуд, намеравем. Ана ба сабти суханҳои бемагзонааш оғоз кардам. Пули маро аз тиреза берун партофта, мошинро тез рондан гирифт. Ин чи аблаҳӣ. Ин шаҳр соҳиб дорад? Қонуну карор кай риоя мешавад? Ба доди халқ ки мерасад. Асабам 3 рӯз боз вайрон.

Изхор
Охи чи сару садо дорен?? дар замони шурави дар маршрутка 20 тин медоди, хох як истгох рави ва ё то охирин истгоха.Монен мардум кор кунанд.

сорбон
бояд тамоми хатсайрхо ба воситаи гузаронилани озмун дода шава баьд мумкин аст боадолатона хатсайрхо сохибонашона пайдо кунанду барои аз даст нарафтани хатсайр назоратро сохибони хатсайрхо хам бисертар кунанд. айби асосиаш дар чамьиятхо аст... баьд аз чамьиятхо душанбе наклиетхизматрасон... тамоми корхонахои мусофирбарро талаву тороч кардаги лекин ягон назораташа хис намнкунанд.

Шайхи мерседес !!! Ин рох рохи давлат аст. Ин рохро бобии ту насохтааст ки дар ин рох чи тарзе туро маъкуласт гаштугузор куни. Тибки конуни раиси шахр хаки рохкиро дар худуди шахр аз бозори корвон то гаи 1 сомон аст. У доляе ки ту мети аз бесаводии худат гилла кун

Барои чи, оиди ин проблема бахсу мунозирахо бисеранд , аммо халли масъала аз тарафи шахрдори дида намешмвад?!
Ман хеч бовар намекунам , ки гуфтахо то ба гуши онхо нарасад. Ин шахр сохиб дорад??????!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)